“Афви байналмилал” бо пахши як изҳороти вижа хостори лағви иттиҳомоти зидди Александр Содиқов ва раҳоии ин пажӯҳишгари ҷавони гумонбар ба ҷосусӣ шудааст.
Баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳ муҳаққиқи 31-сола Александр Содиқов ба чанд саволи радиои Озодӣ посух дод. Ӯро дар хиёнат ба ватан ва ҷосусӣ муттам мекунанд, вале донишманд ин иттиҳомро қабул надорад.
Сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир Эркин Қосимов гуфт, дар ҷараёни сафари вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Лондон аз ҷумла мавзӯи боздошти муҳаққиқи тоҷик Александр Содиқов дар Душанбе бо гумони ҷосусӣ ҳам баррасӣ шуд.
Як муҳақиқи бритониёӣ мегӯяд, ки боздошти Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавони тоҷикистонӣ донишмандони дигар дар Тоҷикистонро тарсондааст, ки мабодо бо онҳо низ чунин муносибат кунанд.
Ҳамсари Александр Содиқов дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи шавҳараш бештар аз матбуот маълумот пайдо мекунад, то аз мақомоти амниятии Тоҷикистон, ки ӯро боздошт кардаанд.
Ҳамсари Александр Содиқов мегӯяд, ҳафтаи гузашта тавонистааст бо шавҳараш дар боздоштгоҳи мулоқот кунад.
Сарнавишти пажӯҳишгар Александр Содиқов, ки аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шудааст, рӯзи ҷумъа дар меҳвари як нишаст дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтони ИМА қарор дошт.
Бритониё мегӯяд, аз боздошти Александр Содиқов "нигарон аст." Баъди боздошти Содиқов як муҳаққиқи дигари ғарбиро аз Тоҷикистон ҳатто "гурезондаанд", ки ӯро ҳам бо гумони ҷосусӣ нагиранд.
Созмони Афви Байналмилал бо нашри як баёния Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавони тоҷикистониро маҳбуси сиёсӣ хонд. Рӯзи 27 июн дар Вошингтони Амрико ба ҳимоят аз Содиқов як нишасти донишмандон доир мешавад.
Ёфтҳои бештар