Сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир Эркин Қосимов гуфт, дар ҷараёни сафари вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Лондон аз ҷумла мавзӯи боздошти муҳаққиқи тоҷик Александр Содиқов дар Душанбе бо гумони ҷосусӣ ҳам баррасӣ шуд.
Як муҳақиқи бритониёӣ мегӯяд, ки боздошти Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавони тоҷикистонӣ донишмандони дигар дар Тоҷикистонро тарсондааст, ки мабодо бо онҳо низ чунин муносибат кунанд.
Ҳамсари Александр Содиқов дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи шавҳараш бештар аз матбуот маълумот пайдо мекунад, то аз мақомоти амниятии Тоҷикистон, ки ӯро боздошт кардаанд.
Ҳамсари Александр Содиқов мегӯяд, ҳафтаи гузашта тавонистааст бо шавҳараш дар боздоштгоҳи мулоқот кунад.
Сарнавишти пажӯҳишгар Александр Содиқов, ки аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шудааст, рӯзи ҷумъа дар меҳвари як нишаст дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтони ИМА қарор дошт.
Бритониё мегӯяд, аз боздошти Александр Содиқов "нигарон аст." Баъди боздошти Содиқов як муҳаққиқи дигари ғарбиро аз Тоҷикистон ҳатто "гурезондаанд", ки ӯро ҳам бо гумони ҷосусӣ нагиранд.
Созмони Афви Байналмилал бо нашри як баёния Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавони тоҷикистониро маҳбуси сиёсӣ хонд. Рӯзи 27 июн дар Вошингтони Амрико ба ҳимоят аз Содиқов як нишасти донишмандон доир мешавад.
Алим Шерзамонов, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон мегӯяд, ки дар пайванд ба ҳодисаҳои ахири Хоруғ мавриди бозпурсӣ қарор гирифта ва барои берун нарафтан аз қаламрави вилоят забонзат навиштааст.
4 анҷумани илмӣ аз мақомоти Тоҷикистон "дар кӯтоҳтарин фурсат" раҳо кардани Александр Содиқовро дархост кардаанд. Ин унвонҷӯи донишгоҳи Торонто дар Тоҷикистон ба "ҷосусӣ" гумонбар мешавад.
Ёфтҳои бештар