Кремл мегӯяд, барои ҳимоят аз манофеи шаҳрвандони Русия ва русзабонҳо дар ҳар куҷое ки бошад, талош хоҳад кард. Мо дар ин нақша ба минтақаҳое берун аз Русия нигоҳ меафканем, ки шаҳрвандони Русияву русҳо ва русзбонҳо ба сар мебаранд.
Тасарруфи Қрим аз сӯи Русия тоторҳои Қрим - аҳолии буми ин минтақаро дар як вазъи пурчолиш қарор додааст. Аз як тараф, онҳо ватани аҷдодии худро тарк карданӣ нестанд. Аз тарафи дигар, ояндаи норавшан онҳоро сахт нигарон кардааст.
Баъд аз тира шудани муносиботи НАТО бо Русия бар сари бӯҳрони Украина оё имкони берун овардани техникаву таҷҳизоти ғайринизомии НАТО аз Афғонистон тавассути қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия имконпазир аст?
Як шоҳиди айнӣ, ки ҷараёни тасарруфи киштии "Славутич" - флагмани нирӯҳои баҳрии Украинаро бо чашми худ мушоҳида кардааст, таассуроти худро дар бораи ин амалиёт ба Озодӣ навиштааст.
Раҳбари муваққати Украина рӯзи 24 март фармон дод, ки тамоми нирӯҳои низомии ин кишварро аз вилояти Қрим, ки аз тарафи Русия тасарруф шудааст, берун бикашанд.
Миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ рӯзи 21 март баъди пардохти 125 миллион евро гаравпулии ба сари худ бесобиқ аз боздошт дар Австрия озод шудааст. Аммо ӯ то замони баррасии парвандаи истирдодаш ҳаққи тарки қаламрави Австрияро нахоҳад дошт.
Ҳукумати Русия қарори Иттиҳодияи Аврупо барои эъмоли таҳримоти нав алайҳи он кишварро “нодида гирифтани воқеъият” номид ва гуфт, ки ҳақ дорад, ба ин таҳримот аксуламал нишон бидиҳад.
Русия рӯзи ҷумъа бо истиқрори нозирони байналмилалӣ дар Украина барои баррасии вазъияти амниятии ин кишвар мувофиқат кард.
Хадиҷа, як зани соллхӯрда аз тоторҳои Қрим мегӯяд, баъди тасарруфи Қрим аз сӯи Русия бештар аз ҳама аз он метарсад, ки мабодо боз ҷанг шавад.
Скот Нюман дар таҳлиле, ки NPR, Радиои миллии Амрико нашр кардааст, менависад, тасарруфи Қрим аз сӯи Русия ташвишу изтироби кишварҳои пасошӯравиеро, ки низ аҳолии русзабон доранд, дучанд мекунад. Тарҷумаи ин таҳлиро дар зер бихонед.
Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии порлумони Русия имрӯз дар як нишасти изтирорӣ паймони Русия бо мақомоти дастнишондаи вилояти Қрими Украинаро тасвиб кард.
Ба Русия "ҳамроҳ" кардани Қрими Украина дар Тоҷикистон низ бисёриҳоро ба ин андеша водор кардааст, ки оё барои ин кишвар чӣ беҳтар аст: ҳифзи истиқлол ё низ пайвастан ба Русия?
Ёфтҳои бештар