Фармондеҳи нирӯҳои баҳрии артиши Украинаро дар Севастопол баъди музокироташ бо фармондеҳи флоти баҳри Сиёҳи артиши Русия дастгир кардаанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, баъди тасарруфи Қрим минтақаҳои дигари тарафдори Русия дар паҳнои Шӯравии собиқ низ айни азми пайвастан ба ин кишварро хоҳанд кард ва Маскав низ зоҳиран чунин ҷунбишҳоро таҳрик хоҳад дод.
Кремл мегӯяд, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин тарҳи паймонеро, ки Қримро ба бахше аз қаламрави Русия табдил медиҳад, имзо кардааст.
Як хабарнигори муқими Қрим мегӯяд, мизони ширкат дар раъйдиҳии ирӯзи 16 март ба гунае фаъолона нест, ки ҳокимони ҷудоиталаби ин минтақа тасвир мекунанд.
Ба бовари таҳлилгарони тоҷик, раъйпурсӣ дар Қрим ва рӯйдодҳое мисли ин ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ таъсир хоҳанд кард, вале гумон аст, ки Ғарб дар масъалаи Қрим дар муқобили Русия то охир истодагарӣ кунад.
Парлумони Украина барои пароканда сохтани Шӯрои олӣ ва ё парлумони минтақавии Қрим раъй дод.
Дар пайи ҳуҷуми нирӯҳои русгаро ба тазоҳуроти ҷонибдорони "Украинаи воҳид" ду нафар дар Донетск кушта шуд.
Додгоҳи Австрия муҳокимаи парвандаи истирдоди миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ ба Амрикоро оғоз карда, барои раҳоии молики "Тоҷиказот" ва "Гулистон" 125 миллион доллар гарав таъин кардааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Украина дар посух ба нигарониҳои волидони донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии Украина мегӯянд, авзоъ дар Киев ва шаҳрҳои дигари ин кишвар хеле беҳтар ва шароит барои идома таҳсил фароҳам шудааст.
Раҳбарони гурӯҳи G7 рӯзи 12 март ба Русия гуфтанд, ки агар ҳаракатҳояш ҷиҳати "тасарруф"-и Қримро бас накунад, ба иқдомоти байналмилалӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 11 март вазъи Украинаро бо раҳбарони Амрикову Олмон ва Русия баррасӣ кардааст.
Дар ҳоле ки раҳбарони руспарасти Қрим талош доранд, ин нимҷазираро аз Украина ҷудо кунанд, сарони тоторҳои Қрим аз Туркия, ки хонаи ҷомеаи бузурги ин тоторҳост, ҳимоят хостааст.
Ёфтҳои бештар