Вазири умури хориҷии Амрико аз ҳамтои руси худ хост, дар озодии нозирони аврупоӣ, ки дар дасти ҷудоиталабони ҷонибдори Русия ҳастанд, кӯмак намояд.
Русия изҳороти вазир умури хориҷии Амрикоро рад кард ва мегӯяд, ба коҳиши шиддат дар бӯҳрони Украина талош хоҳад кард. Он ҳамзамон машқҳои ҳарбияшро дар марзи Украина оғоз намудааст.
Ноиби раисиҷумҳури Амрико дар Киев гуфт, Амрико аз набарди Украина барои ояндааш пуштибонӣ мекунад. Сарвазири Украина аз Русия тақозо кард, ки нирӯҳояро аз Қрим пас бикашад
Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико имрӯз бо сафари дурӯза ба Украина меравад, то бо мақомоти Киев дар робитаи ба бӯҳрони он кишвар дидору гуфтугӯ кунад.
Ҳукумати Украина ба додгоҳи байналмилалӣ барои таҳқиқи куштор дар ҳодисаҳои Евромайдон шикоят бурдааст.
Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои амниятии Украина амалиётеро алайҳи гурӯҳҳои тарафдори Русия дар шаҳри Краматорск шурӯъ кардаанд. Аз ҷумла доир ба тирандозӣ дар фурудгоҳи ин шаҳр хабар мерасад.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин қавл додааст, ки ҳуқуқи русзабонҳоро дар тамоми ҷаҳон ҳимоят мекунад. Ин ба маъноест, ки доктринаи Путин миллионҳо намояндаи қавми рус, махсусан дар кишварҳои собиқ Шӯравиро фаро мегирад.
Ҷудоиталабон роҳҳои шаҳри Славянскро субҳи 13 апрел аз ҷумла бо сӯзондани балонҳои мошин бастанӣ шуданд. (Reuters)
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтааст, қарори тасарруфи Қрим аз пеш барномарезишуда набуд, балки ӯ танҳо баъди фаҳvидани фикри мардум чунин қарор кардааст.
Амрико мегӯяд, агентҳои Русия ба хотири эҷоди "беназмӣ" ба шарқи Украина фиристода шудаанд.
Як назарпурсии тоза нишон медиҳад, ки русзабонҳои Украина, аз ҷумла дар нимҷазираи Қрим, таҳти фишору таҳдид қарор надоранд.
Украина рӯзи шанбе зимни мухолифат аз афзоиши нархи гази содиротии Русия таҳдид кард, ки аз ширкати "Газпром" ба додгоҳ шикоят хоҳад кард.
Ёфтҳои бештар