Лоиҳаи таҳқиқотии “Система”-и марбут ба Радиои Озодӣ ва ТВ “Настоящее время” маълум кардааст, ки ширкати «АБЗ Белый Раст» муҳоҷирони меҳнатиро барои кофтани хандақҳо дар замини яхбаста ба қаламравҳои аз сӯи Русия ғасбшудаи Украина бурдааст.
Ду ҳомии шинохташудаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик – Валентина Чупик ва Каримҷон Ёров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ назари худро дар бораи қонуни нави шаҳрвандии Русия баён карданд.
Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро, ки дар Русия ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд ва дар ҷанги Украина кушта шудаст, ба хонаводааш супурдаанд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия Қонун дар бораи даъватномаҳои ҳарбии электрониро ба имзо расонд, ки шеваи наву осонтар кардани даъвати ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳро дар назар дорад.
Президенти Украина Владимир Зеленский дар ифторе иштирок кард, ки бо ҳузури низомиёни мусалмон барпо шуд.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, амри Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят барои боздошти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия кори дуруст аст. Ӯ рӯзи 17-уми март дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфт: “Ӯ возеҳан ҷиноятҳои ҷангӣ содир кардааст.”
Артиши Украина рӯзи 5-уми март гуфт, дар 24 соати гузашта 130 ҳамлаи душманро пас гардонда ва иддао кард, ки талафоти азиме ба неруҳои Русия ворид кардааст.
Дар як соли ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина миллионҳо сокини мулкии ин кишвар маҷбур шуданд тарки ватан карда дар кишварҳои гуногун паноҳҷӯӣ кунанд.
Мақомот дар Киев рӯзи 4-уми март хабар доданд, ки дар давоми 24 соати гузашта нирӯҳои украинӣ аз чандин ҳамлаи русҳо ба шаҳри Бахмут пешгирӣ карданд.
Ёфтҳои бештар