Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин тавофуқи ҳосилшуда дар Минск бар асари роҳҳои расидан ба сулҳ дар Украинаро ҳамчун як "субҳи накӯ" ситоиш кард. (Reuters)
Ангела Меркел барои баҳси роҳҳои ҳалли бӯҳрони Украина ба Амрико рафтааст. Интизор меравад, рӯзи 11 феврал дар Минск сарони Олмону Фаронса ва Украинаву Русия музокирот кунанд.
Раҳбарони Олмону Украина ва Фаронсаву Русия роҷеъ ба бӯҳрони Украина рӯзи 11 феврал дар шаҳри Мински Беларус бо ҳам мулоқот мекунанд..
Нахуствазири Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд имрӯз, 6-уми феврал тарҳи нави сулҳи Украинро ба президенти Русия, Владимир Путин пешниҳод хоҳанд кард.
Иттиҳодияи Аврупо ҷиҳати эъмоли таҳримоти нав алайҳи Русия тавофуқ карда, паймони НАТО рӯи барномаи истиқрори воҳидҳои нави низомӣ дар Аврупои шарқӣ меандешад.
Сомонаҳои украинӣ аз боздошти як ҷангии ҷудоиталаби зодаи Тоҷикистон дар ҷангҳо барои шаҳри Углегорск хабар медиҳанд.
Гуфтугӯи ихтисосии хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон.
Раисиҷумҳури Русия мегӯяд, дар шарқи Украина “легиони хориҷии НАТО” амал мекунад. Дабири кулли НАТО аммо гуфт, танҳо нирӯи хориҷие, ки дар Украина тохтутоз мекунад, артиши Русия аст.
Дар Украина ба ёди қурбониёни ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Мариупол рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Киев ва САҲА мегӯянд, мушакҳо аз манотиқи таҳти назорати ҷудоихоҳон шиллик шудаанд. Ҷудоихоҳон инро рад мекунанд.
Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки тобистон набардҳо дар шарқи Украина шадидтар мешаванд. Киев бо вуҷуди таҳдиди Маскав барои даохлаот ба низоъ аз ҳоло ба ин набардҳо омодагӣ мегирад
Дар шарқи Украина, бар хилофи созиши оташбас, набардҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор шурӯъ шуданд.
Дар як ҳамлаи хунин ба автобуси мусофирбар дар вилояти Донетски Украина дастикам 11 нафар кушта ва 17 тани дигар захмӣ шуданд. Амрикову Аврупо ин ҳамларо маҳкум карданд.
Ёфтҳои бештар