Чанде пеш порлумони Русия қонунеро қабул кард, ки ҷазо барои зӯроварӣ ба зан дар хонаро сабуктар мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқ ин қонунро беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи зан номиданд.
Дар пайи боридани барфи зиёд дар мактабҳои ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон таътил эълон шудааст. Додхудо Сайнаков – раиси дастгоҳи ҳукумати Рӯшон – рӯзи 3 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмимро “барои амнияти хонандагон” гирифтанд. Ин аксҳоро корбарони Радиои Озодӣ аз ноҳияи Рӯшон фиристоданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе хост, пойтахти кишварро барои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ хуб омода кунад. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 2 феврал хабар дод. Наврӯз моҳи оянда ҷашн гирифта мешавад.
Доналд Трамп рӯзи 20 январ ба ҳайси президенти 45-уми Амрико савганд ёд кард. Вай суханронии худро дар ин маросим бо такрори ин шиораш, ки "азамату бузургии Амрикоро дубора бармеградонем", ба поён расонд.
Дар Тоҷикистон кори банкомат ё мошинҳои ироакунандаи пулҳои нақд ба муштариёни бонкҳои дучори мушкилшуда - “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дубора фаъол шуд. Бонки миллӣ ҳам дар хабари расмиаш гуфт, ки муштариён метавонанд ҳаҷми муайяни пулҳои худро рӯзона аз сурат-ҳисобҳои худ дарёфт кунанд.
Дар Қӯрғонтеппа дар аксар ҳолатҳо ҳамоно аз оташдонҳои оҳании навъи бобоӣ барои таҳияи ғизо ва гармшавӣ истифода мекунанд. Ин навъи оташдонҳоро оҳангарони маҳаллӣ сохта дар бозор ба фурӯш мегузоранд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки аз 16 то 25 январи имсол бештаре аз қаламрави кишварро сардии шадид фаро хоҳад гирифт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин рӯзҳо канда шудани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва фаромадани тармаро аз эҳтимол дур надонистааст. Ин аксҳо рӯзи 16 январ дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон бардошта шудаанд.
Ёфтҳои бештар