Дар кӯҳҳои минтақаи Урал гурӯҳи хурди буддоиҳо ба сар мебарад, ки раҳбарии онҳоро як собиқадори ҷанги Афғонистон ба ӯҳда дорад. Ин мард давоми 21 соли охир роҳибхонаеро дар як минтақаи кӯҳие бунёд кардааст, ки ҳоло дар маркази баҳсҳои молӣ бо як сарватманди маҳаллӣ қарор гирифт.
Дар шаҳри Ню-Ҷерсии ИМА давоми ду ҳафта аз 14 то 28 январи имсол намоишгоҳи наққошиҳои рассоми тоҷикистонӣ Владимир Глухов баргузор мешавад. Намоишгоҳ дар осорхонаи “Санъати русӣ” (“Russian Art”) ташкил ва 22 наққошии Владимир Глухов, ки бо илҳом аз табиату рангҳои Тоҷикистон офарида шудаанд, ба маъраз гузошта мешаванд.
Ҷасади Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии Исломӣ ва аз умдатарин чеҳраҳои сиёсӣ дар чанд даҳаи гузашта дар Эрон, рӯзи 10 январ дар оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба хок супурда шуд. Оқои Рафсанҷонӣ шоми 8 январи имсол бар асари сактаи қалбӣ дар Теҳрон даргузашт.
Шаби 1 январ дар паи ҳамла ба як клуби шабона дар шаҳри Истамбул 39 нафар кушта ва 39 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Аз миёни кушташудаҳо, 24 нафарашон хориҷӣ буданд
Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.
Сардиҳои зимистони имсола зиндагии Худойқул Урозов ва ҳамсару кӯдакони ӯро талхтар кардааст. Ин хонаводаи иборат аз панҷ нафар баъди як имзои Худойқул Урозов дар 2 соли пеш аз манзили падарӣ дар ноҳияи Панҷ маҳрум шуда, ҳоло дар як кулбаи “оҳанӣ” дар рустои Кокули ноҳияи Фархор, ҳаммарз бо Афғонистон, зиндагӣ доранд.
Бар асари фурӯравии қисмате аз айвон ё “балкон”-и бинои нашриёти “Шарқи Озод” дафтари хабаргузории “Авесто” хароб шудааст.
Сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши гази моеъ дар ҳудуди ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таркиши сахтеро ба дунбол доштааст. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса соати 14-и рӯзи шанбе рух дод ва "ба касе осебу зарар нарасонд". Вале шоҳидони ҳодиса дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, сӯхтор ду мошинро ба комаш фурӯ бурд.
Шоми 10 декабр дар бахши аврупоии Истанбул ду инфиҷор рух дода, бар асари он 20 нафар захмӣ шуданд. Хабаргузории Фаронса гуфт, ҳодиса дар наздикии варзишгоҳи "Водафон" дар минтақаи Бешиктош ба амал омадааст.
Ёфтҳои бештар