Овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон соати 6-и субҳ шуруъ шуд ва то соати ҳашти шом идома хоҳад кард.
Даргириҳои шадид миёни нерӯҳои Арманистону Озарбойҷон дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ аз ду тараф чандин куштаву захмӣ барҷой гузоштаанд. Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони таваққуфи фаврии ҷанг шудааст, ду ҷониб якдигарро ба доман задани набардҳо муттаҳам мекунанд.
Мӯсо Диноршоев, файласуфи маъруфи тоҷикро, ки рӯзи 29-уми сентябр дар 86-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Маросими видоъ бо ӯ дар наздикии хонааш дар маҳаллаи "километри 7-ум" баргузор шуд.
Александр Лукашенко рӯзи 23-юми сентябр дар як маросими махфӣ ва аз пеш эълоннашуда бори шашум ҳамчун президенти Белорус савганд ёд кард. Ин маърака билофосила мавриди интиқоди мухолифин ва кишварҳои ғарбӣ қарор гирифт.
Ин дастаро ним сол пеш таъсис доданд ва ҳоло 24 узв дорад. Мураббиён мегӯянд, дар аввал мухолифатҳои ҷомеаву камбуди молиявӣ вуҷуд дошт, аммо дар ним сол «каме пешрафт» мушоҳида мешавад.
Бархе аз аксҳои ҷолиб аз минтақаҳои таҳти пӯшиши хабарии Радиои Аврупои Озод/Радио Озодӣ дар ҳафтаи 34-уми соли 2020.
Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистонро, ки дар 75-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ бо гумони гирифторӣ ба коронавируси нав дар шифохона бистарӣ буд.
Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистонро, ки дар 75-солагӣ даргузашт, рӯзи 13-уми август дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ бо гумони гирифторӣ ба коронавируси нав дар шифохона бистарӣ буд. Чанд акси шоир аз бойгонии Радиои Озодӣ
Ёфтҳои бештар