78 сол пеш дар ин рӯз Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ ғалаба кард. Дар шуморе аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ 9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Вале бо гузашти 30 сол аз пошхӯрии ин кишвар таҷлили ин ид ҳам камрангтар мешавад. Насли ҷавони Тоҷикистон дар бораи ин рӯз чӣ медонанд?
Рӯзи 6-уми май дар Бритониё маросими бузургтарин барпо шуд, ки дар 70 соли охир дида нашуда буд. Шоҳ Карл (Чарлз)-и III ба тахт нишаст. Ин расм давоми ҳазор соли охир вуҷуд дорад. Карли III 74-сола аст ва пас аз марги модараш, малика Элизабет, дар моҳи сентябри соли гузашта ба ин мақом расид.
Рассоми 46-сола ба баргузории намоишгоҳи ҳунариаш дар Душанбе омодагӣ мебинад. Ин ва дигар наққошиҳо дар давоми як моҳ ба маърази тамошобин гузошта мешаванд
Иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми апрел бо хондани намозу идгардаки кӯдакон оғоз шуд. Ҳамкорони мо дар Хуҷанду Кӯлоб чанде аз ин лаҳзаҳоро акс гирифтанд. Агар шумо ҳам видео ё тасвире аз таҷлили Иди Фитр доред, ба мо фиристед.
Дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳи назди шаҳри Константаи Руминия як гурӯҳи ҳунарии делфинҳову мураббиҳо муҳоҷир шудаанд. Онҳо аз оташи ҷанг фирор карда дар Руминия сарпаноҳ ёфтаанд
Мусулмонон пас аз соатҳои дарози рӯзадорӣ бо ғуруби офтоб ифтор мекунанд. Радиои Озодӣ дастурхони ифтори мусалмонони чанд кишварро гирд овард.
Раиси иёлати Юта дар Амрико рӯзи 23-уми март ду қонунеро имзо кард, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғонро маҳдуд менамояд.
Дар Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз як ҳафта таътил эълон шудааст. Ин рӯзҳо дар гӯшаҳои кишвар маърака ва маҳфилҳои наврӯзӣ ҷараён дорад. Рӯзи 21-уми март дар шаҳри Душанбе Наврӯзро чӣ гуна таҷлил карданд, дар аксҳо бинед.
Аз таҷовузи Русия ба хоки Украина як сол гузашт. Баъзе аз шаҳру минтақаҳои Украина аз тарафи Русия ва ҷудоиталабони зери ҳимояти Маскав ишғол шуда, дертар дубора ба дасти Киев гузаштанд. Даргирӣ дар чанд гӯшаи дигар идома дорад. Дар аксҳо бинед, ки аз сари Украина ва мардуми он чӣ гузаштааст.
Ёфтҳои бештар