Рафтори номуносиби баъзе аз маъмурони милиса дар Тоҷикистон бо боздоштшудаҳо чанд муддат боз сари забонҳост. Аз аввали имсол ҳодисаҳое ба мисли латту кӯби як зан ва як мард аз тарафи маъмурони милиса дар Душанбе ва қасди худсӯзии cокини 68-солаи ноҳияи Айнӣ дар боздоштгоҳ ба матбуот роҳ ёфт.
Як сокини вилояти Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз саривақт тоза нашудани кӯчаҳои Хоруғ аз барф хабар дод ва 600 сомонӣ ҷарима шуд.
Зере Асилбек, овозхони 19-сола дар Қирғизистон, гуфт, ки ӯро барои иҷрои як тарона бо марг таҳдид кардаанд. Падари Зере – Асилбек Ҷоодонбеков – ба пулиси ноҳияи Иссиқотини шаҳри Бишкек шикоят кардааст.
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки чаро афроди дорову соҳиби мақом болонишинанд.
Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Тоҷикистон дархости ду устоди Донишгоҳи омӯзгориро барои гирифтани унвони илмӣ рад кард.
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтанд, ки барояшон дар пойтахти Тоҷикистон чӣ чиз писанд нест. Чанд аз хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ, иддае дигар аз хадамоти коммуналӣ ва бекорӣ шикоят карданд.
Муфтии собиқи Қирғизистон пешниҳод кард, ки афроди муттаҳам ба фасоди молӣ ё коррупсия дар он кишвар қатл шуда, намози ҷанозаашон хонда нашавад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ширкати мобилии «Билайн» дастур дод, ки номи ду тарофааш – «Чақ-чақ» ва «Панҷа парто»-ро иваз кунад. Масъулони ин кумита номи ин тарофаҳоро муғойир ба бандҳои қонуни забон донистанд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба соҳиби мағозаи “Гуфтаи мардак” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) се моҳ мӯҳлат дод, ки исми дӯконашро иваз кунад.
Ширкати "Грин голд" иддаои сокинони деҳаи "Ватан"-и ҷамоати Обшорони Шаҳритусро, ки гӯё як ширкати эронӣ заминҳои онҳоро соҳибӣ карда ва ҳатто дафни мурдагонро дар қабристонашон ба душворӣ рӯбарӯ кардааст, рад мекунад.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як достоннависи тоҷикро барои тарғиби "ишқи бадахлоқона ва бисёрзанӣ" аз узвияти ин ҷамъият, ки аз ҷониби давлат сармоягузорӣ мешавад, хориҷ кард.
Ёфтҳои бештар