Муфтии собиқи Қирғизистон пешниҳод кард, ки афроди муттаҳам ба фасоди молӣ ё коррупсия дар он кишвар қатл шуда, намози ҷанозаашон хонда нашавад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ширкати мобилии «Билайн» дастур дод, ки номи ду тарофааш – «Чақ-чақ» ва «Панҷа парто»-ро иваз кунад. Масъулони ин кумита номи ин тарофаҳоро муғойир ба бандҳои қонуни забон донистанд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба соҳиби мағозаи “Гуфтаи мардак” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) се моҳ мӯҳлат дод, ки исми дӯконашро иваз кунад.
Ширкати "Грин голд" иддаои сокинони деҳаи "Ватан"-и ҷамоати Обшорони Шаҳритусро, ки гӯё як ширкати эронӣ заминҳои онҳоро соҳибӣ карда ва ҳатто дафни мурдагонро дар қабристонашон ба душворӣ рӯбарӯ кардааст, рад мекунад.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як достоннависи тоҷикро барои тарғиби "ишқи бадахлоқона ва бисёрзанӣ" аз узвияти ин ҷамъият, ки аз ҷониби давлат сармоягузорӣ мешавад, хориҷ кард.
Бастану боз кардани паёмрасонҳои интернетӣ мавзӯи сӯҳбати даҳҳо ҳазор муҳоҷир аст, ки дар Русия кор мекунанд. Мегӯянд, ки мақомот як риштаи ҳаётӣ байни онҳову волидонашонро буридаанд.
Вакилони парлумони Тоҷикистонро ахиран мавзӯе ба баҳси гарм водор кард, ки дар гузашта назир надошт. Тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи зотпарварӣ” боиси эҷоди баҳси доғи забонӣ дар иҷлосияи рӯзи 13-уми декабр шудааст.
Вебсайти Global Voices охири ҳафтаи гузашта 13 чиз ё кори мамнуъ дар Тоҷикистонро дар як матлаб гирдоварӣ кардааст. Ин рӯйхат аз манъи ҷашни пурдабдабаи зодрӯз то номгузории фарзандонро дар бар мегирад.
Пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон барои муҷозоти мардони ба истилоҳ “сабукпо” дар кишвар баҳси гармеро миёни тарафдорону мухолифони ин мавзуъ ба по кард.
Пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон барои иваз кардани номи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо вокунишҳои тунд дар дохил рӯ ба рӯ шуд. Кумитаи забони назди ҳукумати Тоҷикистон расман пешниҳод кардааст, ки номи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Мастчоҳ ва ноҳияи Мастчоҳ ба Мастчоҳи нав иваз карда шавад.
Бо вуҷуди онки иловаҳо ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон қабул ва ҳафтаи гузашта мавриди иҷро қарор гирифт, ҳанӯз баҳсҳо дар бораи суду зиёнаш ба мардум ба поён нарасидааст.
Изҳороти як мақоми Маҷлиси Эрон рӯзи якшанбе мавзӯи равобити ояндаи Душанбеву Теҳронро дар матбуоти он кишвар гарм нигоҳ дошт.
Ёфтҳои бештар