Аз кӣ беҳтар ва ҷолибтар? Акнун ҳангоми сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба минтақаҳои кишвар сокинон ва роҳбарони шаҳру навоҳӣ талош доранд, ки ба ӯ ҳадяи ҷолибу нодир диҳанд.
Интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз муфтии Тоҷикистон барои ширкаташ дар маъракаҳои афроди сарватманд ба маънии сард шудани бозори рақобати рӯҳониён дар маросимҳои мардумӣ арзёбӣ мешавад.
Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 4 август ба таври расмӣ дархости худ барои соҳиб шудан ба бахши калоне аз минтақаҳои Қутби Шимолро ба Созмони Милали Муттаҳид таслим кард.
Шоми 5 август телевизионҳои Тоҷикистон филми "Пушаймонӣ аз Сурия"-ро намоиш медиҳанд, ки қарор аст, пайомадҳо ҷалб шудани шаҳрвандони ин кишварро ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" бозтоб диҳад.
Бар асоси қонуни нави нафақа, онҳое, ки андозу пули ҳифзи иҷтимоӣ намесупоранд, ба гурӯҳи бознишастаҳои "камбағал" шомил хоҳанд шуд. Ин хатар бештар ба муҳоҷирон таҳдид мекардааст.
Дар ҳоле ки масъулони қисми ҳарбии 2803-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Нуралӣ Ҳайдаров дар об ғарқ шуда, ҷон додааст, вале наздиконаш мегӯянд, ки дар пешонаи ӯ пайи тирро дидаанд.
Як изҳороти нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев, ки ҳиҷоб ва пӯшишҳои дигари исломиро ба фарҳангу анънаҳои миллии қирғизҳо "бегона" донист, баҳси доғеро дар ҷомеаи он кишвар ба по кардааст.
Озори ҷинсӣ ё хушунати шаҳвонӣ дар Тоҷикистон падидаест, ки зиёд иттифоқ меафтад, вале шикоят аз чунин амал хеле кам то додгоҳ мерасад.
Абу Иброҳим Хуросонӣ ба ҷои Салоҳуддини чеченитабор раҳбари "Ҷайш-ал Муҳоҷирин вал-Ансор" шудааст.
Масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, барои нуқта гузоштан ба саволҳо дар бораи он ки 116 000 доллар гранти Бунёди Глобалӣ ба ин ниҳод куҷо шуд, аудит сар шудааст.
Як сокини ҷавони ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки ду сол боз дар саҳро кор мекунад, то харҷи таҳсилаш дар яке аз донишгоҳҳои кишварро пайдо намояд.
Идораи маорифи Суғд дастур додааст, ки хонандагон лавозимоти мактабӣ, аз ҷумла китобу дафтар ва рӯзномаро аз мактаб харидорӣ кунанд на аз мағоза. Ин амр ба вокунишҳои мухталифи волидайн ва тоҷирон рӯ ба рӯ шудааст.
Ёфтҳои бештар