Дар Интернет навори видеоии аз сӯи як марди узбак ба як гунаи таҳқиромез ва пуршиканҷа ҷазо додани ду зани ҷавони гумонбар ба танфурӯшӣ нашр шудааст.
Мақомоти Русия парвандаи ҷиноии Фирӯза Савушкина, дӯстдухтари тоҷикистонии Юрий Глазев, писари мушовири президенти Русияро ба далели мусолиҳаи тарафҳо қатъ карда, ӯро аз боздоштгоҳ озод кардааст.
Рустам Мираков 12 сол боз мӯзадӯзӣ мекунад ва ба шарофати кори ӯ, ба гуфтаи худаш, пои ҳазорон нафарро пӯшондааст. Рустам мегӯяд, "трендҳо"-и зиёдеро дар кораш дидааст ва ҳоло калӯшҳои Nike ва Adidas тренд шудаанд.
Мақомоти Русия мегӯянд, аъзои бандаи "ГТА" ба як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳру вилояти Маскав омодагӣ мегирифтанд. Аз аъзои ин гурӯҳ чандсад кило маводи мунфаҷира низ мусодира шудааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, бунёдгузор ва раҳбари аслии дастаи "ГТА" дар Тоҷикистон пинҳон гаштааст.
Мақомоти Русия тафтиши парвандаи арӯси тоҷики мушовири президенти Русия Сергей Глазевро анҷом додаанд. Фирӯза Савушкина, ки аз Юрий Глазев чормоҳа ҳомила будааст, ба қасди куштани парастори бибии ӯ Дилафрӯз Мирзоева айбдор мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Маскав дар Рӯзи ваҳдати миллии Русия якбора ду раҳпаймоии қавмгароён бо номи "Русский марш" доир мешавад.
Донишмандони Шветсия бори аввал дар ҷаҳон таркиби носро таҳқиқ карда, дар ин навъи тамокуи роиҷ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маводи саратонзо ва моддаҳои заҳрдоре, чун арсен (марги муш), кадмий ва сурб пайдо кардаанд.
Як сатр хабари телевизиони "Ҷаҳоннамо" дар бораи бебарқ мондани 3700 нафар дар Латвия ва "надидан"-и бебарқии миллионҳо дар худи Тоҷикистон баҳси гармеро миёни корбарони тоҷик дар Фейсбук ба бор овардааст.
Хабарнигори Озодӣ тасодуфан лаҳзаи "салому алейк"-и афсари БДА бо ронандаи мошини манъкардаашро сабт кардааст. Ронанда баъди ин салом ба роҳаш идома дод, вале суол ин аст, ки оё ин фақат як салом буд ё..?
Таҳлилгарони матбуот ва гендершиносони тоҷик аз вазъи бозтоби мавзӯҳои марбут ба занон ё масоили баробарии зану мард дар расонаҳои Тоҷикистон интиқод мекунанд.
Мавридҳои издивоҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиҳо имсол қариб 67 дарсад афзуда, дар нимаи аввали соли 2014 дар вилояти Суғд нахустин мавриди издивоҷи як зани сокини Тоҷикистон бо як шаҳрванди Чин сабт шудааст.
Ёфтҳои бештар