Ҳодисаи куштори бераҳмонаи се хешованди наздик дар аввали моҳи апрел на танҳо сокинони Кӯлоб, балки дигар гӯшаҳои Тоҷикистонро такон дод. Хоҳарон Зӯҳро ва Таҳмина - яке модари ду фарзанд, дигаре ҳомиладор ва хоҳарзодаи шасолаи онҳоро шаби дуюми апрел модарашон дар утоқи хоб оғуштаи хун пайдо кард.
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд гурӯҳи бузурге аз оҳангарон ҷамъ омаданд ва маҳсули корҳои худро ба намоиш гузоштанд. Оҳангарони аштӣ, ки ин касбро насл ба насл ҳифз кардаанд, ҳоло талош доранд, ин ҳунари аҷдодиро мутобиқ ба замони муосир рушд диҳанд.
Боло рафтани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон як мушкили дигари ҷиддӣ барои ронандаҳои таксие шудааст, ки мошинҳояшон бо нерӯӣ барқ ҳаракат мекунанд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон як корманди Вазорати корҳои дохилиро дар пайгарди расмӣ қарор додааст.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба мардум ҳушдор додааст, ки вақти сафар ба Русия дар фурудгоҳҳо ба дархости маъмурони амниятӣ барои тафтиши телефонҳояшон мухолифат накунанд, зеро онҳоро ба Русия роҳ намедиҳанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ қариб ҳар ҳафта дар бораи боздошти ин ё он ҷавону ноболиғ барои истифода аз маводи мухаддиру маводи психотропие чун “лирика” гузориш медиҳанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон марги Меҳрона Ноибоваи 23-соларо, ки ҷасад ё пайкараш аз канори рӯди Панҷ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёфт шуд, ҳамчун худкушӣ таҳқиқ доштааст.
Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон розӣ шудаанд, ки сафари шаҳрвандони ду кишварро бо шиносномаҳои дохилӣ ё ID-кортҳо ба қаламрави ҳамдигар иҷозат диҳанд. Ин нукта дар тарҳи протоколи байниҳукуматии ду кишвар дарҷ шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш онро тасдиқ кард.
Додгоҳе дар Тоҷикистон як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлонро, ки "Арманистон дастгир ва сипас ба Душанбе супурда будааст", ба панҷуним сол зиндон маҳкум кардааст.
Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Юсуф Мирзоевро дар марги сарбоз Шоҳдил Ҷӯразода гунаҳкор дониста, ба 10 сол зиндон маҳкум кардааст. Вокуниши афсар ва наздиконаш ба ҳукм маълум нест. Наздикони сарбози фавтида мегӯянд, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд.
Дар муддати панҷ сол дар зиндонҳо ва муассисаҳои дигари ислоҳии Тоҷикистон 443 нафар фавтида ё ба ҳалокат расидаанд ва дар ин миён соли 2025 соли маргбортарин будааст.
Таъмири хонаи як додситони собиқ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷанҷолбарангез шуда, баҳси он то ба додгоҳ рафтааст.
Ёфтҳои бештар