Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар пайи қатъи барномаҳои Бунгоҳи Рушди Байналмилалии Амрико ё USAID барои идома ёфтани тарҳҳое, ки аз сӯи ин созмон дастгирии молӣ мешуданд, сармоягузор меҷӯяд.
Дар Тоҷикистон пайванди узвҳои бадан, аз ҷумла гурда ва ҷигар дар соли гузашта зиёд шудааст.
Додситонии шаҳри Кӯлоб Ҳасан Тағоев, сардори пешинаи Шӯъбаи Ҳифзи муҳити зисти ин шаҳрро ба "баромадан аз ваколатҳои мансабӣ" (моддаи 316), "гирифтани пора" (моддаи 319) ва "қаллобӣ" (моддаи 247) айбдор кардааст.
Гӯшвора ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мем ё рамзи ҳимоят ва талаби озодии хабарнигори боздоштшудаи тоҷик Рухшона Ҳакимова табдил ёфтааст.
Волидони рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, ки 5 феврал бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” зиндонӣ шуд, ба бегуноҳии духтари худ исрор меварзанд ва аз мақомот дархост доранд, ки ҳукми 8 соли зиндони ӯ бозбинӣ шавад.
Ду тан аз маҳбусони кушташуда дар ҳодисаи зиндони Ваҳдатро, ки ба ифротгароӣ ва терроризм айбдор мешуданд, дар зодгоҳашон бе ширкати наздикон ба хок супурда шудаанд.
Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон рӯзи 4-уми феврал дар изҳороте гуфт, "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон", боис шуд, ки ин созмон аз назорати интихоботи моҳи март худдорӣ кунад.
Дар Тоҷикистон Шоҳзода Карим Оқохони чорумро бештар бо корҳое ёд карданд, ки давоми беш аз сӣ сол созмони зери назари ӯ дар ин кишвар анҷом дода буд.
Камбуди маълумоти дақиқ сабаби шубҳаву гумонҳо шудааст ва онҳо яке пайи дигаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечарханд. Аз "ташкилӣ" будани ин ҳодиса то тахминҳое, ки дар он даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик баъд аз эълони ҳукми додгоҳ дар бораи ба 8 сол зиндон маҳкум шуданаш, боздошт шуд.
Шоҳзода Карим Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки бахше аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳастанд, рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Лиссабон даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
Наздик ба 30 муҳоҷири тоҷик пас аз ду шабонарӯзи тафтиш ва интизорӣ дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд. Онҳо рӯзи 31-уми январ бо ҳавопаймо аз Кӯлоб ба пойтахти Русия расиданд, вале аз фурудгоҳ берун рафта натавонистанд.
Ёфтҳои бештар