Панҷ рӯз боз дар Русия амалиёти "Нелегал-2023" идома дорад. Дар ин муддат даҳҳо муҳоҷирро боздошту ихроҷ кардаанд. Шикояту муроҷиатҳои муҳоҷирон ҳам ба ҳомиёни ҳуқуқ зиёд шуда.
Фармондеҳони Горди соҳилии Амрико хабар доданд, ки сарнавишти панҷ сарнишини киштии "Титан" бо фоҷиа анҷом ёфтааст. Бо ин хабар ҷустуҷӯйи байнулмилалии сафинаи хурди зериобӣ, ки ба дидани “Титаник” рафта буд, ба поён расид. Як роботи зеридарёӣ рӯзи 22-юми июн пораҳои онро пайдо кард.
Ҳар рӯз даҳҳо паноҳҷӯйи афғонистонӣ бо умеди расидан ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ таваасути роҳҳои пурхатар ба Сербистон ворид мешаванд. Хабарнигори телевизиони "Садои Амрико" дар Белград бо вазъи онҳо ошно шуд.
Дар Тоҷикистон назарҳо ба қонуни нави Русия, ки даъват шудани маҳбусонро ба хидмат дар артиши ин кишвар ё ширкати онҳоро дар ҷанг заминаи ҳуқуқӣ медиҳад, гуногунанд. Махсусан аз пайомадҳои ин қонун барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик изҳори нигаронӣ мешавад.
Бахтиннисо Иззатуллоева мегӯяд, соле пеш аз шавҳар ҷудо шуд ва ду писарро дар ихтиёри амаку бибияш гузошту ба Русия рафт. "Вале ба ҷойи меҳрубонӣ азияту латукӯб кардаанд," – даъво дорад ӯ. Ҷониби дигар мегӯяд, "яке аз кӯдакон беодоб аст".
Амалиёти “Нелегал – 2023” дар Русия оғоз шудааст. Матбуоти маҳаллӣ навишт, ки маъмурони Вазорати корҳои дохилии Русия аз 19 то 25-уми июн ҳуҷҷати муҳоҷиронро месанҷанд.
Қисми дувуми навиштаи рӯзноманигор Нуралӣ Давлат дар бораи Чинор Имомов.
Пайвандони Абдурозиқ Қаҳҳоров, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва сокини пешинаи деҳаи Борбордуки Қирғизистон, кӯшиш доранд, ки бегуноҳии ӯро исбот кунанд.
Дар Русия тарҳи қонунеро қабул карданд, ки бар асоси он маҳбусон ба хидмат дар артиш ё ҷанг даъват хоҳанд шуд. Аммо қонун нисбат ба маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои ҷинсӣ, терроризм, ифрогароӣ ва хиёнат ба давлат кардаанд, татбиқ намегардад.
Дар Арманистон аз 30 дарсад бештар сиёҳ кардани шишаи мошин манъ шуд. Ронандаҳое, ки ин талаботро риоя намекунанд, то 65 доллар ҷарима месупоранд. Ҳукумат мегӯяд, ҳадаф таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ аст, вале қонун ронандаҳоро нороҳат кардааст. Чаро?
Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, аз якуми июл то нимаи моҳи август ба таътил хоҳанд рафт. Худашон мегӯянд, дар давраи корӣ қонунҳои зиёдро қабул ва ба муроҷиати мардум расидагӣ карданд. Сокинон дар ҳаққи онҳо чӣ мегӯянд? Дар видео бинед.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна таъсис ёфт? Ҳудуди ҳозираи кишварҳои Осиёи Марказиро кӣ ва чӣ гуна кашид? Нуралӣ Давлат, рӯзноманигори тоҷик, кӯшидааст, дар навиштаи зер ба як гӯшаи дигаре аз таърихи тоҷикон дар оғози ҳукумати Шӯравӣ рӯшанӣ андозад.
Ёфтҳои бештар