Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, номи беш аз дувоздаҳ ҳазор маҳалу ноҳияи кишвар ба меъёру қоидаҳои забони тоҷикӣ мутобиқ нест.
Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки пас аз ду моҳ овардани мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 ба Тоҷикистон манъ мешавад.
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз зиндони Қирғизистон ба Душанбе истирдод шуда буданд, аз маҳбас раҳо гаштанд.
Додгоҳи минтақаи Кӯлоб ҳукми се милисаи гумонбар дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлобро эълон кард. Ҳар кадоми онҳо ба 14 солии зиндон маҳкум шуданд.
Додгоҳи шаҳри Иркутски Русия як пулис ва се сокини маҳалиро, ки дар оташ задани вагони зисти муҳоҷирон ва куштани ду тан аз онҳо айбдор мешуданд, бегуноҳ эълон кардааст.
Рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) барои сабти номи ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон ба Кумитаи дин муроҷиат кардааст. Раиси Кумитаи дин мегӯяд, ба ин рӯзноманигор талаботи қонунгузорӣ барои сабти иттиҳодияҳои диниро фаҳмонданд.
Садамаи мудҳиши рӯзи 21-уми июл як оиларо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нобуд кард.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар дар пайи шикояти сокинон таъсири корхонаи чинии “Зарафшон” - яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли тилло дар Тоҷикистонро ба муҳити атроф санҷидааст.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, занону кӯдаконе, ки аз кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла Сурия ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд, ҳанӯз ҳам ба табобату офиятбахшӣ ниёз доранд.
Баъд аз садамаҳои маргбор дар роҳҳои кишвар аз ҷумла бо ширкати кормандони БДА ин ниҳод дар асоси як созишнома 130 нафарро ба “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ” мебарад.
Салом, хоҳар. Ин барномаи нави махсуси Радиои Озодӣ барои бонувон аст ва дар он қиссаи занонеро, ки роҳ ёфтанд, ё роҳгум заданд, чун дарси роҳнамое пешниҳоди шумо мекунем.
Ёфтҳои бештар