Мақомоти Мексика мегӯянд, теъдоди паноҳҷӯёни тоҷик ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки тавассути ин кишвар ба Амрико мераванд, сол ба сол зиёд мешавад. Хабарнигорони Садои Амрико ва Радиои Озодӣ чанде аз муҳоҷирони тоҷикро дар сарҳади Мексикаву Амрико бо чашми худ диданд.
Як муҳоҷири тоҷик иддао дорад, ки маҷбурӣ ба ширкати низомии “Вагнер” ҳамроҳ шуд, вале моҳи феврали имсол дар наздикии Бахмути Украина аз сафи он гурехту аз ояндааш нигарон аст. Ҳувияти ҷавони 22-сола ба Радиои Озодӣ маълум аст. Ба далели амниятӣ номи аслияшро зикр намекунем. Шартан Карим меномем.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аз муҳоҷирати кории занони тоҷик ба Русия изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ин раванд, онҳоро дар ташвиш гузоштааст ва намедонад, чаро аксарият ба муҳоҷиратӣ корӣ мераванд.
Порлумони Тоҷикистон як созишномаи муҳиме бо Русияро тасвиб кардааст, ки байни ду тараф баҳс сари он солҳои зиёде идома дошт.
Дар ним соли ахир дар Тоҷикистон даҳҳо табиб барои иштибоҳоти пизишкӣ ва дигар қонуншиканӣ, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Аз устодони унвондор диктант гирифтан дар Донишгоҳи Данғара вокунишҳои гуногунро ба миён овардааст. Раиси ин донишгоҳ дар чаҳорчӯби як иқдом барои баланд бардоштани саводу дониш аз устодон диктант гирифта аст. Дар миёни ширкаткунандагон мудирони факултаҳо ва номзадҳои илм низ буданд.
Нақшаи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон дар соли 2023 ҳамагӣ 53 дарсад иҷро шудааст. Ин оморро Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, раиси Маркази миллии тестӣ, рӯзи сеюми август дар нишасти хабарии ин ниҳод эълон кард.
Иқболи Неъматулло, собиқ мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳангоми кор дар ин мақом бо иттиҳоми ришвахориву сӯистифода аз вазифа боздошт гардид, бо пардохти танҳо се ҳазор сомонӣ бештар аз маблағе, ки ҳамчун пора гирифта буд, раҳо шудааст.
Бо гузашти якуним моҳ аз рабуда ва нопадид шудани ду нафар дар Тоҷикистон, аз ҷумла Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ҳанӯз аз онҳо нишоне пайдо нашудааст.
Наҷотбахшон шаҳри Нораки вилояти Хатлон як занеро, ки бо қасди худкушӣ худро ба дарё партофтааст, зинда берун оварданд. Зани 40 сола сокини ноҳияи Данғара ва модари 6 фарзанд будааст.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, номи беш аз дувоздаҳ ҳазор маҳалу ноҳияи кишвар ба меъёру қоидаҳои забони тоҷикӣ мутобиқ нест.
Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки пас аз ду моҳ овардани мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 ба Тоҷикистон манъ мешавад.
Ёфтҳои бештар