Марги чанд зан дар шимолуғарби Покистон дар чанд моҳи гузашта дигарбора таваҷҷуҳро ба қатлҳое, ки дар ин кишвар “номусӣ” меноманд, ҷалб кард. Гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, солона садҳо зану духтарро дар Покистон хешовандонашон мекушанд, то ба қавли худашон номусу обрӯи хонаводаро муҳофизат кунанд.