Пешниҳоди гузоштани Бэби - бокс ё қуттиҳои махсус барои атфоле, ки ғайриинтизор ва беникоҳ ба дунё омадаанд, дар ҷомеаи Қирғизистон баҳбсбарангез шуд.
Як гуруҳ аз шаҳрвандоне, ки зимни таҷлили Рӯзи парчами миллӣ дар кӯча ва хиёбонҳои Душанбе мошинсавор, ҳаракатҳои хатарнок карда буданд аз ҷониби пулиси пойтахт боздошт шудаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро дар робита ба истифодаи замин ғайриқонунӣ эълон карда, 3696 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Дар ин бора дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Додситонии кулли Тоҷикистон хабар додаанд.
Дар Тоҷикистон, таълими хатти форсӣ дар макотиби миёна ҳатмист, вале на ҳамаи шогирдон бо ин хат пурра хондаву навишта метавонанд. Дар кишвар хатти кирилӣ роиҷ аст, ҳарчанд рӯшанфикрони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлол ҷонибдори гузариш ба хатти форсӣ ҳастанд.
Додситонии вилояти Хатлон иддаои падареро таҳқиқ дорад, ки мегӯяд, мақомоти интизомӣ бо фишор ва латукӯб ба ӯ амр додаанд, писарашро барои фиристодан ба артиш аз Русия ҳозир кунад. Ҳодиса дар аввали моҳи ноябри имсол дар ноҳияи Муъминобод рух дод ва мавриди нахустин ҳам нест.
Таълими роҳҳои пешгирӣ аз хушунати ҷинсӣ дар зиндонҳо, арзёбии ҷараёни ислоҳот дар маҳбасҳои Тоҷикистон ва шиносоӣ бо шароити зиндагии маҳкумшудаҳо аз мавзӯъҳои аслии суҳбати Радиои Озодӣ бо Азамат Шамбилов, мушовири мустақили байналмилалӣ оид ба ислоҳоти зиндонҳо буд, ки аз Тоҷикистон дидан кард.
Як сокини ноҳияи Варзоб наздик ба як моҳ боз интизори пайдо кардани ҷасади духтари ғарқшудааш аст.
Шуруъ аз фардо, 25-уми ноябр дар Тоҷикистон маъракаи 16 рӯзи мубориза бо хушунат ба зидди занон оғоз меёбад.
Соли 2023 дар қатори Мишел Обамаву Амал Клуни ва даҳҳо занону духтарони фаъоли дигари ҷаҳон дар сиёсат, илму фанноварӣ, муҳити зист, фарҳанг ва тафреҳ, як намояндаи Тоҷикистон ҳам ба феҳристи “100 бонуи соли 2023” шомил шуд.
Келину хушдомане, ки видеои ҷанҷолу занозаниашон ҳафтаи гузашта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дар навори наве мавзуъро шарҳ доданд.
Дар шаҳри Кӯлоб бо ҳадафи таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ ба сохтмони 18 обанбор оғоз кардаанд.
Давоми ду соли оянда давлати Тоҷикистон ҳаҷми кумакҳои иҷтимоиро барои хонаводаҳои камбизоат бештар мекунад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия 15-уми ноябр дар Маҷлиси намояндагон гуфт, қарори ҳукумат қабул шуда, зиёдшавии мизони кумакҳо то соли 2025 идома хоҳад дошт.
Ёфтҳои бештар