Додситони ҳарбӣ ба панҷ милисаи гумонзад ба шиканҷа дар шаҳри Душанбе аз 5 то 17 сол зиндон талаб кардааст. Ҳамаи онҳо кормандони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино буда, дар марги боздоштшуда Мақсудҷон Саидов гумонзад ҳастанд.
Фадӣ ал-Аровӣ дар миёни вайронаҳои шаҳри Хон Юнус дар Ғазза бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футболро тамошо мекунад. Компютери хурди ӯ гоҳе рӯшан мешавад, гоҳе хомӯш. Ӯро дар утоқи як мактабе ҷойгир кардаанд, ки барои беҷошудагон аз амалиёти низомии Исроил ҷудо шудааст.
Додгоҳе дар шаҳри Душанбе Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муваззаф кардааст, ки ба як қурбонии шиканҷа 10 ҳазор сомонӣ ё қариб 1100 доллар ҷуброн пардозад. Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 18-уми июн содир шудааст.
29 сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин зери санаде имзо гузошта, ба ҷанги панҷсола дар кишвар поён доданд. Ба ин далел ҳамасола 27-уми июнро дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мекунанд, аммо оё тарафҳо аз ҳамдигар розиянд?
Пас аз қабули қонуни афв, ки 16-уми июн пазируфта шуд, саволи асосӣ ин аст, ки гуноҳи чӣ касоне бахшида мешавад? Маҳкумшудагоне, ки афв намешаванд чанд сол аз ҳукми зиндонашон кам мешавад?
Хадамоти марзбонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт кардааст.
Бақо Содиқов, филмбардори маъруфи тоҷик ва муаллифи "Адонис XIV" ва "Гирдбод", рӯзи 25-уми июн дар 85-солагӣ дар Олмон даргузашт. Вай сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчида, дертар ба шаҳри Тошканд рафт ва се соли охир ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш дар Аврупо мезист.
Як паноҳҷӯйи тоҷикро дар Лондон бо иттиҳоми қасди таҷовуз ба як духтари сездаҳсола ба 12 сол зиндон маҳкум кардаанд. Худаш гуфтааст, нисбат ба ӯ туҳмат заданд.
Хоҳари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро баъди шикоят аз вазъи бародараш дар зиндон, ба майдаавбошӣ гунаҳкор ва 546 сомонӣ ($ 60) ҷарима кардаанд.
Аз замони эълони афв дар Тоҷикистон як пурсиши асосӣ ин аст, ки озодӣ насиби киҳо мешавад ва чӣ касоне барои сабуктар шудани гуноҳашон умедвор буда метавонанд. Қонуни афв рӯзи 16-уми июн аз сӯи порлумон тасдиқ шуд, вале то ҳол озод кардани зиндониён анҷом нашудааст.
Ёфтҳои бештар