Яке ҷузъиёт надод; дигаре ба талаби ришва гумонзад донист; севумӣ боздошташро ба соҳибкорӣ пайванд дод, на мансабу кори расмӣ. Изҳороти гуногун ва гоҳе зидди ҳам дар бораи Фаррух Мақсудзода, сардори боздоштшудаи Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд.
Дар соли 2025 дар саросари ҷаҳон 129 рӯзноманигор ва корманди расонаҳо кушта шудаанд. Кумитаи Дифоъ Аз Рӯзноманигорон (CPJ), қароргоҳаш дар Амрико, гуфт, дар 34 соли охир чунин оморе сабт нашуда буд.
Хушрӯз Ҷумъаев, маъруф ба Хушом Ғулом, блогер ва фаъоли зиндонӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар номае аз маҳбас паём додааст, ки аҳволаш хуб нест ва ба ҷарроҳӣ ниёз дорад. Ӯ 26-сола аст.
Насим Оқилов аввал дар садамае маъюб шуд, сипас модараш даргузашт. Баъди чанд рӯзи фавти модар хонаашон оташ гирифтааст ва Насим ҳоло намедонад, чӣ кор кунад.
Як мавзӯи доғ дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон вазъи бозорҳо ва боло рафтани арзиши маҳсулотест, ки талабгори бештар доранд. Аз ҷумла, гӯшту тухму нону сабзавоту донагиҳо.
Гурӯҳе аз занон дар Қазоқистон барои ёрӣ ба модарони танҳо ташаббусеро оғоз карданд, ки тарафдорони зиёде ёфтааст. Онҳо ба заноне, ки дар рӯзи муҳими зиндагияшон ё лаҳзаи берун шудан аз таваллудхона касе надоранд, кӯмак мерасонанд.
Таҳмина Азизова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, ӯ ва аъзои оилааш, дар умум бист нафар, аз хонаи худашон берун карда шудаанд. Ҷое, ки бист соли охир якҷоя зиндагӣ доштанд. Ҳоло сарпаноҳе надоранд ва ба гуфтаи ӯ дар ба дар мегарданд.
Мумкин аст, парвандаи Наврӯзи Зафар, сокини 29-солаи ноҳияи Муъминобод, ғафстар ва иттиҳомаш ҳам сангинтар шавад. Як ҳамсараш худкушӣ карда, дигаре дар хонаи волидонаш кушта шудааст. Дар ҳар ду қазия Наврӯзи Зафарро гумонзад медонанд.
"Намояндаи "Сомон Эйр" инҷо баро, ман ба худат гап дорам." Ин порае аз радду бадали раиси Фурудгоҳи Хуҷанд Қурбони Алимардон бо намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар нишасти хабарист.
Русия солҳои охир дар баробари фишор болои муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба даъвати коргарон аз Ҳиндустон ва кишварҳои дигари ҳампаймонаш рӯй овардааст. Маскав бо ин роҳ мехоҳад, муҳоҷирати кориро зери назорати шадид гирифта, ҳамзамон ба коршариконаш гуё ҷоиза диҳад ва кумак кунад.
Дар Тоҷикистон барои риоят накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ҷаримаҳоро ба ҳадди дарднок барои ронандагон боло мебаранд. Аз 76 сомонӣ то ба ҳазорон сомонӣ. Ҳамаи ин дар Кодекси ислоҳшудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳаст, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми феврал имзо кард.
Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон мегӯянд, ки наздик ба чор моҳ боз дар боздоштгоҳе дар шаҳри Кирови Русия ҳастанд ва ҳоло онҳоро барои рафтан ба ҷанги зидди Украина маҷбур мекунанд.
Ёфтҳои бештар