Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Кӯлоб гумонзад ба қатли ду зани ҷавон ва як кӯдаки шашсоларо боздошт кардаанд.
Хабаргузории "Азия Плюс", ки сӣ соли пеш дар замони ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта буд, аз камтарин расона дар Тоҷикистон аст, ки талош дорад, то барои хабаррасонӣ аз шеваҳои наву пешрафта истифода кунад.
Бисёре аз сокинон дар минтақаи Кӯлоб аз набудани шифохонаи махсус барои кӯдакон шикоят доранд. Мақомот мегӯянд, ки барои бунёди ин бемористон замин ҷудо шудааст, вале маълум нест корҳои сохтмонӣ кай оғоз мешаванд.
Пойи Бадриддин Сафаралиев, сокини шаҳри Ҳисор, ба идораи пулис кашида шудааст. Ӯро ба ташкили сафари бе иҷозаи зоирони тоҷик ба ҳаҷ гумонзад медонанд.
Муҳайё Маъруфзода чор моҳ боз дар бораи марги ногаҳонии духтару домод ва як наберааш меандешад. Сухан дар бораи фавти Искандар Маликӣ (Шафеиён), корманди пешини ҳукумати Исфара, ҳамсараш Муаттархон ва як фарзанди онҳо меравад. Муфаттишон марги ҳарсеро “заҳролудшавӣ аз гази карбон” гуфтанд.
Як пажӯҳишгари 64-солаи амрикоӣ аз зиндони “Толибон” дар Афғонистон озод шуда, ба Иёлоти Муттаҳида баргашт. Деннис Койл моҳи январи соли гузашта аз хонааш дар Кобул рабуда шуда, дар утоқи якнафарии зиндон нигоҳ дошта мешуд.
Як созмони амрикоӣ ҳукумати Тоҷикистонро ба “нақзи пайваста ва ҷиддии озодии дин” танқид карда, аз Иёлоти Муттаҳида хостааст, ки онро дигарбора дар сафи кишварҳои “мавриди нигаронии хос” ҷой диҳад.
Ҳамлаҳои давомдори Амрико ва Исроил бахшҳое аз Теҳронро вайрон ва бисёре аз мардуми пойтахти Эронро асабонӣ кардааст.
Пизишкон дар вилояти Суғд гуфтанд, ки ҳамлаи сагон бештар шуда, хатари гирифтории одамонро ба бемории ҳорӣ зиёд кардааст. Дар соли 2025 дар ин минтақаи Тоҷикистон беш аз чаҳор ҳазор мавриди газидани саг сабт шудааст.
Ёфтҳои бештар