Аз аввали соли ҷорӣ то ҳол бо вуҷуди гуфтугӯҳои пайҳами мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, аломатгузории хати марз миёни ду кишвар сурат нагирифтааст. Дар ин муддат гурӯҳои кории ҳарду ҷониб 7 бор мулоқот кардаанд, вале ҷузъиёти он маълум нест.
Мақомоти Қирғизистон дар вокуниш ба изҳороти ахири раиси вилояти Суғди Тоҷикистон гуфтанд, мавзӯи боз шудани марзи ду кишвар баъди анҷоми кори аломатгузории сарҳад баррасӣ мешавад.
Мақомдорони Ҳукумати вилояти Суғд аз тасмимҳо барои боз шудани марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд.
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз зиндони Қирғизистон ба Душанбе истирдод шуда буданд, аз маҳбас раҳо гаштанд.
Гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар бораи нақзи қонунҳои ҷанг дар ҷараёни даргирии марзӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи 2-юми май нашр шуд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, нерӯҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар даргирии марзии моҳи сентябри соли 2022 ба иқдомҳое даст задаанд, ки дарбаргирандаи "мавридҳои ҷиддии нақзи қонунҳои ҷанг" аст.
Муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон нафақат даҳҳо куштаву миллионҳо сомонӣ зиёни молиро дар пай дошт, балки чандин оиларо бесаробон гузошт ва фарзанду занони онҳоро дарбадар кард. Бархе аз чунин хонаводаҳо ҳайрон мондаанд, ки зиндагии ояндаи худу фарзандонашонро чӣ гуна бисозанд.
Як намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президент ба тарзи кори хабарнигорони Тоҷикистон ҳангоми даргирӣ дар сарҳад бо Қирғизистон эътироз кард.
Намояндагони чанд идораи давлатӣ дар шимоли Тоҷикистон аз эҳтимоли боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон хабар доданд. Асосан ин нуктаро раҳбарони мақомоти интизомӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон охири ҳафтаи гузашта баён доштанд. Сарҳади ду кишвар тақрибан ду сол боз бастааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баъзе ҷузъиёти гуфтугӯи Душанбе ва Бишкек дар масъалаи аломатгузории марзро шарҳ дод. Сироҷиддин Муҳриддин 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли гузашта Тоҷикистону Қирғизистон наздик ба 20 километри дигари хати марзро муайян кардаанд.
Шаш аспе, ки аз Қирғизистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон гузаштаанд, ба соҳибонашон бозгардонида шуданд. Мақомоти интизомии ноҳия гуфтанд, воқеа на ҳуҷҷатгузорӣ шуд, на расонаӣ.
Ёфтҳои бештар