Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 31-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, "дар ноҳияи Деваштич беш аз 100 километр сарҳад бо кишвари ҳамсоя мувофиқа карда шуд. 4,3 километри дигар дар ноҳияи Лахш."
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Роҳи як замон серравуо ду сол боз бастааст. Ҳамсояҳое, ки дар суру мотами ҳамдигар шарик буданд, ҳоло аз сояи якдигар меҳаросанд.
Медербек Алиев, раиси кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, сохтори давлатӣ, масъалаҳои додгоҳиву ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии порлумони Қирғизистон аз мақомаш истеъфо додааст.
Изҳороти раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар бораи "Торт-кочо" ё чоркӯчае байни Исфараву Бодканд сокинони як минтақаи марзии Тоҷикистонро нигарон кардааст. Мақомоти Тоҷикистон чизе намегӯянд.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ҷаласаи порлумони ин кишвар ва дар вокуниш ба танқидҳои вакил Адахон Мадумаров баъзе аз ҷузъиёти гуфтугӯҳои марзиро бо Тоҷикистон ошкор кард.
Оқилҷон Одиназодаи 22-сола, яке аз сарбозони захмии тоҷик дар муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, даргузашт. Ӯро рӯзи 15-уми ноябр дар зодгоҳаш, деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод, дафн кардаанд.
Як мансабдори баландпояи Қирғизистон хабар дод, ки кишвараш аз Туркия паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишини "Аксунгур" харид, аммо шумораашро нагуфт.
Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодиро барои ду моҳ баст. Мақомот рӯзи 26-уми октябр сабабашро як гузориши видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон номиданд.
Пешниҳоди ҷалби ҷониби севум ба ҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои охир зиёд садо медиҳад. Кӣ метавонад миёнравӣ кунад? Оё дахолати нерӯи севум боиси шиддати низоъ намешавад?
Тоҷикистон ва Қирғизстон пас аз як моҳи даргирии мусаллаҳона дар марз дубора ҳамдигарро барои нақзи созишҳо ва низомисозии минтақаҳои сарҳадӣ муттаҳам мекунанд. Баёнияҳои расмии ҳарду ҷониб беш аз пеш шадидтар мешаванд ва нишон медиҳанд, ки даргирӣ ҳанӯз ба таври комил мутаваққиф нашудааст.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Қирғизистон “ниятҳои шуме” дорад ва вазири дифои Қирғизистон гуфт, байни Бишкеку Душанбе “сулҳ буда наметавонад”, зеро ҳар яке ҳақиқати худро дорад. Ин баёнияҳоро таҳлилгарон хатарнок ва баёнгари эҳтимоли такрори муноқишаҳои хунин дар марз меноманд.
Раёсати марзбонии КДАМ дар вилояти Суғд вазири мудофиаи Қирғизистон ва дигар мақомдорони ин кишварро ба “иғвоангезӣ” ва “талоши ноором кардани вазъ” муттаҳам кард.
Ёфтҳои бештар