Раиси Кумитаи идораи замини Тоҷикистон гуфт, Душанбеву Бишкек дар робита ба нишонагузории марз, табодули замин анҷом надодаанд. Ориф Хоҷазода, ки узви гуруҳи аломатгузории марз бо Қирғизистон мебошад, рӯзи 21-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, "ивази замин нашудааст."