Марзбонҳои қирғиз рӯзи 6 феврал дар ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров болои манзили 2 сокини ин маҳал парчами Қирғизистонро овехтаанд. Онҳо иддао кардаанд, ки ин қитъаҳо ба Қирғизистон тааллуқ дорад.
Дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз шуд. Раҳбарии ҳайатҳоро муовинони нахуствазирони ду кишвар ба ӯҳда доранд.
Масъулони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки ду сокини ноҳияи Панҷакент на аз тири сарҳадбонҳои Узбакистон, балки ҳангоми бархӯрдан ба минаҳо ҷон бохтаанд.
Сокинони бархе манотиқи марзии Суғд, ки деҳаҳои онҳо ба "анклав" табдил ёфтаанд, мегӯянд, ки дар рафтуомади фарзандонаш ба мактаб ва ҳамчунин истифодаи озод аз заминҳояшон, ба маҳдудиятҳо рӯбарӯ ҳастанд.
Мақомоти Узбакистон баъди як ҳафтаи боздошт 4 чӯпон аз ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистонро ҳамроҳ бо чорвояшон озод кардаанд.
Аъзои комиссиюни ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки тахминан то соатҳои 20:00 рӯзи панҷшанбе ҷаласа карданд, қарор карданд рӯзи ҷумъа ҳам баррасиҳоро идома диҳанд.
Бо гузашти се рӯз аз таниш вазъ марзи ҷамоати Чоркӯи Исфараи Тоҷикистон бо Кок Тоши вилояти Бодканди Қирғизистон ором арзёбӣ мешавад.
Сардори Хадамоти марзбонии Қирғизистон Раимбердӣ Дуйшенбиев ба пурсишҳои хабарнигори Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Бурулкан Саригулова дар бораи вазъ дар марз бо Тоҷикистон посух дод.
Сокини ноҳияи Бодканди Қирғизистон Баишбек Ҳайдаров мегӯяд, тараҳо ба ҳам сангандозӣ кардаанд, аммо ӯ садои ягон тирандозиро нашунидааст. Видеои Бахши қирғизии Радиои Озодӣ.
Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, аз тиру "коктейлҳои Молотов"-и сокинони маҳаллаи Кок-Тоши Қирғизистон шаш шаҳрванди кишвар ҷароҳат бардошта, захми ду нафарашон вазнин аст.
Як намояндаи вилояти Бодканд муноқишаҳои бештар аз як соли охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро нофаҳмӣ номид. Ӯ гуфт, ин мавзӯъ дар ҳоли ҳалшавист ва набояд ба он оҳанги сиёсӣ дод.
Марзбонҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи муноқишаи рӯзи шашуми июл қарордодеро имзо кардаанд, ки ба сӯи мардуми одӣ ва ҳарбиёни ду тараф оташ нахоҳанд кушод.
Ёфтҳои бештар