Комиссияи муштараки таъйини хатҳои сарҳадӣ ва аломатгузориҳои марзҳои миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми рӯзи гузашта дар Душанбе аввалини мулоқоти худро анҷом дод ва қарор аст имрӯз, 5 март музокирот идома ёбад.
Дар Қирғизистон қонуне ба ҳукми иҷро даромад, ки бар пояи он шаҳрвандон барои ҳимоят аз ҷону молашон метавонанд из силоҳи оташфишон истифода кунанд.
Бонки ҷаҳонӣ ба Қирғизистон барои сохтани роҳе, ки бидуни убур аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, 45 миллион доллар додааст.
Исфараву Бодканд тасмим гирифтаанд, ки ба хотири таъмини оромиву субот дар сарҳад ва ҳалли мушкилоти марзӣ, бо ҳам мулоқотҳои доимӣ дошта бошанд.
Бунёди як пулу роҳи нав дар наздики ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон, ки ду деҳаи аз ҳам дурафтодаи қирғизҳоро ба ҳам мепайвандад, мояи нигаронии тоҷикон шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, пешниҳодҳои нави Қирғизистонро дар бораи хатти марзи байни ду кишвар баррасӣ мекунанд, аммо табодулаи қаламрав байни ду тараф танҳо бар пояи ҳуҷҷатҳои қонунӣ ба вуқӯъ хоҳад пайваст.
Ҷарроҳии марзбони захмӣ дар бемористони Кӯлоб анҷом ёфт. Фаридун Олимов, бино ба охирин хабарҳо, дар минтақаи марзии Саричашма тир хӯрдааст.
Ҷониби Қирғизистон сохтмони як қисми роҳи наздимарзии Ворух-Исфараро, ки қаблан ба уҳда гирифта буд, мутаваққиф кардааст. Сокинон умед доранд, ин масъала ҳамин тавр яхбаста нахоҳад монд.
Алмазбек Отамбоев созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сохтмони ду пули мошингузарроо ба тасвиб расонд ва аз вазорати умури хориҷии кишвараш хост, ки мақомоти тоҷикро дар ҷараён бигузоранд.
Раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев мегӯяд, баъд аз гуфтушуниди ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон низоъҳо дар марзи байни ду кишвар коҳиш ёфтаанд.
Мақомоти пулис дар Исфара мегӯянд, ки ба таҳқиқи гумонбарон дар оташ задани 9 манзил дар чарогоҳҳои қирғизҳо дар 13-километрии Ворух шурӯъ кардаанд.
Ёфтҳои бештар