Ҷониби Қирғизистон сохтмони як қисми роҳи наздимарзии Ворух-Исфараро, ки қаблан ба уҳда гирифта буд, мутаваққиф кардааст. Сокинон умед доранд, ин масъала ҳамин тавр яхбаста нахоҳад монд.
Алмазбек Отамбоев созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сохтмони ду пули мошингузарроо ба тасвиб расонд ва аз вазорати умури хориҷии кишвараш хост, ки мақомоти тоҷикро дар ҷараён бигузоранд.
Раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев мегӯяд, баъд аз гуфтушуниди ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон низоъҳо дар марзи байни ду кишвар коҳиш ёфтаанд.
Мақомоти пулис дар Исфара мегӯянд, ки ба таҳқиқи гумонбарон дар оташ задани 9 манзил дар чарогоҳҳои қирғизҳо дар 13-километрии Ворух шурӯъ кардаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бунёди як постгоҳи сарҳадӣ дар манотиқи мавриди баҳс миёни ду кишвар, ба тавофуқ расидаанд.
Шероз Тулаков, шаҳванди Тоҷикистон бо гузашти қариб ду ҳафта аз маҳбаси Бодканд озод нашудааст, вале пайвандонаш мегӯянд, даъвогари қирғиз аз даъвояш даст кашидааст ва ин имкони раҳо шудани Шерозро бештар мекунад.
Як сокини ноҳияи Исфара аз сӯи марбонони Қирғизистон бо гумони "говдуздӣ" дастгир шудааст. Аммо пайвандони Шероз Тӯлаков мегӯянд, ӯ қории "Қуръон" аст ва касе ба дуздӣ карданаш бовар намекунад.
Дар як тирандозӣ дар марзи Узбакистону Қирғизистон як шаҳрванди қирғиз ҷароҳат бардоштааст. Марзбонҳои узбак вақте тир кушодаанд, ки ду қирғиз борҳои қочоқиро аз мошин мефуроварданд.
Гурӯҳи кории байниҳукуматии Тоҷкистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ, имрӯз дар Исфара масоили сарҳадиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Марзбонони тоҷик дар як бозии рафиқонаи футбол бар тими марзбонони Қирғизистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шудаанд.
Дар Узбакистон барои кумак ба нирӯҳои марзбонӣ дар амри ҳифозати 6 221 километр марзи ин кишвар отрядҳои ихтиёриён бо номи “Чегара посбонларӣ” таъсис медиҳанд.
Ёфтҳои бештар