Вакилони дифои Зайд Саидов аз Оҷонсии зидди коррупсия дархост кардаанд, ки парвандаи марбут ба таҷовуз ба номуси ноболиғро қатъ кунанд.
Муфаттишони Оҷонсии мубориза бо коррупсия собиқ вазири саноати Тоҷикистонро бо зане, ки дар айёми ноболиғияш гӯё аз тарафи ӯ таҷовуз шудааст, дар СИЗО рӯ ба рӯ карданд.
Ожонси мубориза бо фасод мегӯяд, парвандаи вазири собиқи саноат Зайд Саидовро аллакай дар ҳафтаи оянда ба додгоҳ хоҳад супурд. Ин парванда барои шиносоӣ ба вакилон супурда шудааст.
Оҷонсии мубориза бо фасод алайҳи Далер Бобоев, шоҳид дар парвандаи Зайд Саидов айби нав эълон кард ва қарор аст, ин парванда дар рӯзҳои наздик ба додситонии кулл ирсол шавад.
Вакилони мудофеъи Зайд Саидов бо пахши як изҳороти расмӣ раддияи дар расонаҳо нашршудаи Ожонси зиддифасодро беасос хондаанд.
Далер Бобоев, собиқ намояндаи корхонаи муштараки истеҳсоли тилои «Зарафшон»-и Тоҷикистону Бритониё феълан дар СИЗО-и рақами аввал ба сар мебарад ва дар парванда алайҳи Зайд Саидов ҳамчун шоҳид мебошад.
Вакили мудофеъи Саидов мегӯяд, дар ин шароит ӯро танҳо ягон мӯъҷиза метавонад аз банд халос кунад.
Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубори за бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раддияро ба Радиои Озодӣ фиристод, ки бидуни таҳрир ва тағйир ба нашр мерасонем.
Вакили мудофеи духтари ноболиғе, ки дар парвандани Зайд Саидов шоҳид дониста мешавад, мегӯяд, рӯ ба рӯ шудан бо зерҳимояи ӯро қонун манъ кардааст.
Вакилони дифои Зайд Саидов мегӯянд, ки мақомот то ҳол "қурбонии таҷовуз"-ро бо зерҳимояи онҳо рӯ ба рӯ накардаанд.
Ожонси мубориза бо фасод мегӯяд, дар робита бо моҷарои кони тиллои Чоре дар парвандаи вазири пешини саноат Зайд Саидов, вазирону раисони кумитаҳоеро, ки зери иҷозатномааш имзо гузоштаанд, бозпурсӣ кардааст.
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи душанбе зимни нишасти матбуотии худ ба қазияи Зайд Саидов низ дахл кард.
Ёфтҳои бештар