Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанги иттилоотӣ дар парвандаи Зайд Саидов


Раиси Ожонси зидди фасод Фаттоҳ Саидов (аз рост) ва вакилони Зайд Саидов -- Исҳоқ Табаров (дар мобайн) ва Фахриддин Зокиров.
Раиси Ожонси зидди фасод Фаттоҳ Саидов (аз рост) ва вакилони Зайд Саидов -- Исҳоқ Табаров (дар мобайн) ва Фахриддин Зокиров.

Ожонси мубориза бо фасод мегӯяд, парвандаи вазири собиқи саноат Зайд Саидовро аллакай дар ҳафтаи оянда ба додгоҳ хоҳад супурд. Ин парванда барои шиносоӣ ба вакилон супурда шудааст.

Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси зиддифасод рӯзи 7 август гуфтааст, тафтиши парвандаи Зайд Саидов тақрибан анҷом ёфта, дар миёнаи моҳи август ба додгоҳ хоҳад рафт. Фаттоҳ Саидов, ки ҳар навъ ангезаи сиёсӣ доштани парвандаи ин соҳибкори маъруф ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро ҳамеша радд мекунад, таъкид карда, ки Зайд Саидов ҷиноят содир кардааст ва бояд тибқи қонун ҷавоб гӯяд.

Як мақоми дигари баландпояи Ожонси зиддифасод низ дар сӯҳбат бо Озодӣ тақрибан анҷом ёфтани марҳалаи таҳқиқи парвандаҳои Зайд Саидовро тасдиқ кард ва гуфт, парвандаи ӯ якҷо бо парвандаи Далер Бобоев, намояндаи собиқи корхонаи тилои «Зарафшон» шояд то 10 август ба додгоҳ бирасад.

Агар Ожонсӣ тавонад дар муҳлати эълонкардааш парвандаро ба додгоҳ супорад, метавон гуфт, тафтиши қазияи Зайд Саидов, ки қариб 3 моҳ идома ёфт, ҳам барои ин ниҳод ва ҳам барои вакилони Саидов як давраи пурмоҷарои шабеҳ ба ҷанги иттилоотӣ будааст. Дар ягон парвандаи дигар Ожонсӣ ба вокуниши вакилон ё хабару гузоришҳои марбут ба қазияи Зайд Саидов ин гуна ҳассос набудааст. Ҳар чархиши он, аз тағйири иттиҳом гирифта, то зуҳури ҷурмҳои нав мавҷи бархӯрдҳоро дар расонаҳо ба миён овардааст.

Нишасти хабарии 30-юми июли вакилони дифои Зайд Саидов раддияи муфассали Ожонсиро ба миён овард ва дар навбати худ вакилон рӯзи 5-уми август ба ин санад посухи шадид доданд. Он ки вакилон ба амалкардҳои тафтишот ё баёнияҳои он эътироз мекарданд, қобили фаҳм буда метавонад, чун ин вазифаи онҳост, ки аз шахси зерҳимояи худ дифоъ кунанд. Аммо ҳассосияти Ожонсӣ ва талошҳои бесобиқаи он барои гунаҳкор нишон додани Зайд Саидов барои бисёриҳо суолбарангез ба назар мерасад. Агар дар парвандаҳои дигар “сирри тафтишот” сабаб ё баҳонаи пинҳон доштани ҷузъиёти айбнома мегашт, ин бор як навъ “саховатмандии иттилоотӣ” ба мушоҳида расидааст.

Дар тафси баҳс як тараф талош мекард Зайд Саидовро комилан бегуноҳ ва қурбонии тӯҳмат нишон диҳад ва тарафи дигар дар бораи ӯ тавре сӯҳбат мекард, ки гуноҳаш кайҳо ба исбот расидааст. Ин буд, ки вакилон масъалаи нодида гирифта шудани асли “эҳтимолияти бегуноҳӣ” аз тарафи Ожонсиро ба миён гузоштанд.

Аммо Милопар Бандишоев, муовини раиси Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки назорати куллии парвандаи Зайд Саидовро дар даст дорад, мегӯяд, “эҳтимолияти бегуноҳӣ” муроот шудааст ва баёнияву раддияҳо ба таъмини шаффофият дар ҷараёни таҳқиқ бастагӣ доранд: «Акнун вақти ин ҳарфҳо нест, чун айб эълон шуд. То ин лаҳза мо пурра эҳтимолияти бегуноҳиро риоят кардем ва ҳамеша бар ин фикр ҳастем, ки дурусту нодурустии иттиҳомоти моро акнун додгоҳ муайян мекунад. Аҷаб не, ки бархе лаҳзаҳоро додгоҳ рад кунад ва ин ҳам имкон дорад, ки таҳқиқи бештари бархе лаҳзаҳоро талаб кунад. Яъне ҳамаро додгоҳ муайян мекунад, на тафтишот.»

Зайд Саидов, ки моҳи апрел аз азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав хабар дод, рӯзи 19 май, баъди бозгашт аз сафари Аврупо дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Мақомоти Ожонси зиддифасод то имрӯз алайҳи ӯ 8 айб эълон кардаанд:
Зайд Саидов
Зайд Саидов
порагирӣ( банди 319-уми Кодекси ҷиноӣ), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре ки ба синни 16 нарасидааст. Зайд Саидов ин иттиҳомотро сиёсӣ хонда, рад мекунад.


Ожонсӣ бар хилофи парвандаҳои дигар, назири Низомхон Ҷӯраев, додраси Додгоҳи Олӣ Нур Нуров, прокурор Рустам Олимов, ки маълум нест, чӣ гуна муҷозот шуданд, дар қазияи Зайд Саидов иттилооти бештарро ба таври довталабона дар ихтиёри расонаҳо қарор дод. Ҳатто шоҳидони калидии парванда – соҳибкор Серикбол Окушев, як шаҳрванди Қазоқистон ва Далер Бобоев, ки ба даъвои мақомот, 1,5 миллион доллар ба Зайд Саидов пора додаанд, бо мусоидати Ожонсӣ ба расонаҳо мусоҳиба оростанд. Дар ҳеҷ кадоме аз парвандаҳои кам ё беш ҳамсанг шоҳидон ба матбуот чунин дастрас нашудаанд.

Вакилони дифои Зайд Саидов мегӯянд, омода буданд, кори худро бе ғавғои иловагӣ анҷом диҳанд, аммо Ожонсӣ мехост, бо роҳи дигар пеш равад ва афкори ҷомеаро ба тарафи худ кашад. Вақте ки Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони Зайд Саидов, низ хост, аз имкониятҳои матбуотӣ истифода кунад, зоҳиран бо дархости худи зерҳимоя, вале аслан зери фишор аз ҷараёни таҳқиқ ихроҷ шуд. Раҳбари Ожонсии мубориза бо фасод Фаттоҳ Саидов ӯро ҳатто ба гузоришҳои нодуруст аз вазъи нафари таҳти ҳимояташ ва дурӯғпароканӣ муттаҳам карда, гуфт, ки дар фаъолияти адвокатии ӯ ҳам ҷиноятҳо ошкор шудаанд.


Исҳоқ Табаров
Исҳоқ Табаров
Исҳоқ Табаров, яке аз ду вакили дифои Зайд Саидов мегӯяд, азбаски тафтишот алайҳи Зайд Саидов далели кофӣ надошт, ба хотири пӯшидани ин заъф «ҷанги иттилоотӣ»-ро ба миён андохт ва бо ин роҳ хост, ки ҷомиаро итминон диҳад: «Аммо ин як парвандаи дур аз ҳақиқат аст, аксари ваҷҳҳо ба воқеият рост намеоянд. Нафари таҳти ҳимоятамон ҳам худро гунаҳкор намеҳисобад. Дар оянда боз мурофиаи додгоҳӣ аксар нуктаҳоро рӯшан мекунад.»

Аммо суоли дигари ин қазия ин аст, ки аксари парвандаҳои пурсарусадо, аз ҷумла Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, бо хости тафтишот ҷамъбаст шуда, додгоҳ ҳам ҳеҷ як аз иттиҳомоти эълоншуда алайҳи онҳоро ба чолиш кашида ё тағйир надодааст. Пас чӣ зарурат ба ин "ҷанги иттилоотӣ" ва расонаӣ кардани парвандаи Зайд Саидов буд?

Коршиносон бар мансубияти Зайд Саидов ба Иттиҳоди оппозисиюни тоҷик ва бар асоси саҳмияи 30%-а расидани ӯ ба мақоми вазорат ёдовар мешаванд ва мегӯянд, тайи 15 соли охир ӯ ба яке аз сарватмандони аввали кишвар табдил ёфт ва талоши ӯ барои таъсиси як ҳизби сиёсӣ ва он ҳам дар соли интихоботи президентӣ наметавонист вокунишҳоеро ба бор наорад.

Раҷаби Мирзо, сарвари Маркази таҳлилии «Бозтоб», мегӯяд, ин нафар бо афроди сатҳи аршади ҳукумат ва соҳибкорони тавоно муносибати наздик дошт, аммо гумон меравад, далелҳое будаанд, ки ин муносибот халалдор шуда бошад, зеро қудрату мансабу пул дӯстӣ надоранд, балки манфиат” доранд.

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Ожонсӣ кори худро кардааст ва ин ки иттилои бештар ба ҷомеа дод, заруратҳое дошт: “Зайд Саидов соҳибкори маъруф буд, нафари зиёд ӯро мешинохт. Аз ин хотир, онҳое, ки ӯро мешинохтанд, ҷомиае, ки ӯро мешинохт, пурсида меистод, ки чӣ гуноҳ дорад ва чаро боздошт шудааст? Ожонсӣ ҳам ҳақ надорад, ки хомӯш нишинад, агар иттилоъе, ки пахш мекунад, сирри давлатӣ набошад.”

Коршиносон мегӯянд, ин парванда метавонист ин қадар сару садо ба бор наорад, агар фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон тағйир накарда, ноқаноатмандии аҳолӣ аз амалҳои ҳукумат зиёд нашуда бошад. Илова бар ин, шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет дар кишвар рушд карда, мақомот ҳам дигар онҳоро наметавонанд нодида гиранд ва дар баҳсҳои он иштирок мекунанд. Рӯ задани қазияи “ноболиғи 14-сола”, ки метавонад сабаби пӯшида гузаштани мурофиа шавад, бовари ҷомеаро ба тафтиш ва баррасии одилона ба маротиб коҳиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG