Раҳбари кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов имрӯз, 31 май дар як гуфтугӯи видеоӣ бо Радиои Озодӣ аз сарнавишти ҳизби Тоҷикистони нав ва раҳбари Гурӯҳи ташаббускораш Зайд Саидов сӯҳбат кард.
Ҳизби cотсиал-демократ аз хадамоти вижаи Тоҷикистон пурсидааст, ки чаро ин ниҳоди амниятӣ дар баробари таҳдидҳову ҳамлаҳо ба фаъолони сиёсӣ ҷиддан чораҷуӣ намекунад?
Даъватҳо ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон(КДАМ) ва муҳтавои ин “сӯҳбат”-ҳоро баёнгари нигарониҳои ҳукумат аз вазъи кишвар мешуморанд.
Мавҷуда Соҳибназарова, як узви Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав дар пайи дарёфти нома ва зангҳои таҳдидомез ба Кумитаи амнияти миллӣ муроҷиат кардааст.
Роҳбари нави намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Маркус Мюллер бо барномаҳои интихоботии аҳзоби сиёсӣ ошно шуд ва нақшаҳои худро баён дошт.
Муовини сардабири “Азия- Плюс” Рамзия Мирзобекова мегӯяд, дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ӯ дар бораи ҳаводиси Хоруғ, қазияҳои Димон Ашӯров ва Зайд Саидов ва ҳам аз эътилоф барои демократия суол кардаанд.
Вакили мудофеъи Зайд Саидов мегӯяд, дар боздоштгоҳ дарди меъдаи муваккилаш хуруҷ кардааст.
Баъд аз зуҳри сешанбеи 28-уми май мулоқоти намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо сафири нави САҲА баргузор мешавад.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 27 май ҳукми ҳабси пешакии Зайд Саидовро ба қувваи худ боқӣ гузошт.
Анҷумани муассисони ҳизби Тоҷикистони нав, ки мебоист имрӯз, 26 май доир шавад, ба далели боздошти раҳбараш Зайд Саидов ба таъхир гузошта шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба номаи раҳбарият ва муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» посухи расмӣ дод.
Ёфтҳои бештар