Нуруллоҳ Асламов, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ), ки тайи беш аз се соли охир бо ибораи “гуфтаи мардак” маъруф буд, ахиран онро ба як бренди расмӣ табдил дод.
Дар Арабистони Саудӣ қабл аз шурӯи бозӣ мӯйсари, ба ақидаи мақомот, “ғайриисломӣ”-и дарвозабони бошгоҳи футболи “Ал-Шабоб”-ро маҷбуран тарошидаанд.
Як марди чорводор дар вилояти Форси Эрон як ҷуфт гурги гуруснаро, ки бо ҳамроҳии гурги дигаре беш аз 38 сар гӯсфанди рамаи вайро дарида буданд, "ба эҳтироми муҳити зист", раҳо кард.
Як шаҳрванди Бритониёро бо ҷурми таҳрики адовати қавмӣ ва таҳқири анъанаҳои миллии мардуми қирғиз аз Қирғизистон ихроҷ карданд. Ин коргари кони тило дар шаби соли нав чучуқ, як навъ ҳасиби қирғизиро ба олати асп монанд кардааст.
Дар лаҳзаҳои пешвози президентони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ миллиардери маъруфи қазоқ хост бо президенташ акс гирад, вале натавонист.
Рӯзи 2-уми октябр як гови нар кори яке аз шифохонаҳои бузурги шаҳри Душанберо тақрибан ба ҳам зад.
Як деҳқони нафақахӯр дар вилояти Челябински Русия аз роҳи пайванд навъи нави помидорро ба вуҷуд оварда, онро "Вова Путин" ном додааст.
Дар як задухӯрде, ки миёни сокинони ду рустои Самарқанд иттифоқ уфтодааст, беш аз дусад нафар иштирок кардаанд. Пулис мегӯяд, ки ин ҷанг миёни ду табақаи аҳолӣ - “хоҷаҳо” ва “ғуломон” - буд.
Мақомоти Узбакистон аз моликони биноҳои ду тарафи кӯчаи Нуқус, ки аз он ҷо раисиҷумҳур мегузарад, хостаанд, ки тамоми мавҷгирҳоро канда, шишаҳои сиёҳи хонаву фурӯшгоҳҳояшонро иваз намоянд.
Мақомоти Русия суханони дашномомез ба забон овардани вазири хориҷаи ин кишвар Сергей Лавров ҳангоми суханронии вазири саудӣ Одил Ал-Ҷубайрро рад мекунанд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории ҷашнвора - озмуни “Оши палав” бо беш аз 200 деги он дар таърихи 22 август хабар дод.
Яке аз дӯстони собиқи Владимир Путин нақл кард, ки ӯ аз аввал нияти ба мақоми баланд расиданро надошта, балки андешаи чӣ гуна аз Русия ба хориҷ рафтанро мепарваридааст.
Ёфтҳои бештар