Кинотеатри "Тоҷикистон" дар шаҳри Маскав то поёни соли равон, яъне то якуним моҳи дигар, пурра аз байн бурда хоҳад шуд. Ин толори консерту синамо дар байни аҳолии маҳаллӣ бо номи "Кишлак" ("Қишлоқ") маъруф будааст.
Шаби гузашта дар як тирандозӣ дар ҷануби Маскав 4 шаҳрванди аз 20 то 34-солаи Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд. Захмиён мегӯянд, барои як дона сигор нофаҳмида бо ҳамватанҳои худ вориди баҳс шуда ва тир хӯрдаанд.
Дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин барои давраи то соли 2020 баррасӣ шуд.
Як зани 52-сола аз Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар сӯхтори моҳи феврали бозори “Сенний”-и шаҳри Саратови Русия дастгир шудааст.
Ҳайкалтароши шинохтаи Русия Зураб Серетели гуфтааст, ки касе ба ӯ сохтани ҳайкали муҳоҷири тоҷикро пешниҳод накардааст. Қаблан гуфта мешуд, ки ин ҳайкал алакай дар моҳи ноябр дар боғи ВДНХ дар шаҳри Маскав гузошта хоҳад шуд.
Мақомоти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мегӯянд, хадамоти маорифи Русия муҷаввизи танҳо як бахши ин донишгоҳи муштаракро бозхондаанд ва дипломҳои риштаҳои дигари донишгоҳи славянӣ ҳамчунон дар ҳарду кишвар пазируфта мешаванд.
Ҷузъиёти сӯҳбати Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, бо Эмомалӣ Раҳмон то ҳол рӯшан нест. Вале Сафорати Русия дар Душанбе мегӯяд, ин сафар ба овозаи "митинг"-и баргузорнашудаи 10 октябр ҳеч рабте надорад.
Ба сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон қоидаҳои рафтор бо мардуми маҳаллиро таълим медиҳанд ва онҳо аз ҷумла бояд акнун ба мӯсафедони саллабанди маҳаллӣ «Ҳоҷӣ-бобо» гуфта муроҷиат кунанд.
Субҳи 6 октябр беш аз 1000 аскару афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро барои як машқи зиддиттерростӣ бо бонги изтироб ба по хезонданд.
Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, он афроде ки дар баробари шаҳрвандии Русия шаҳрвандии Тоҷикистон ё Туркманистонро ҳам доранд, бояд то 4 октябр аз шаҳрваниди дуюми худ Хадамоти муҳоҷиратро расман дар ҷараён гузоранд.
Ҳайкалтарошони Нигористони Зураб Серетелӣ дар Маскав ба таҳияи ҳайкали биринҷии муҳоҷири тоҷик машғуланд, ки моҳи ноябри соли равон дар Намоишгоҳи ВДНХ-и пойтахти Русия устувор хоҳад гашт.
Наздикони Раҳимҷон Тешабоев мегӯянд, намояндагони пойгоҳи низомии 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон аз хонаводаи ин ронандаи такси, ки дар қатли ӯ ду сарбози пойгоҳи Русияро гунаҳкор мекунанд, аз модари Раҳимҷон расман узр хостаанд.
Ёфтҳои бештар