Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, он афроде ки дар баробари шаҳрвандии Русия шаҳрвандии Тоҷикистон ё Туркманистонро ҳам доранд, бояд то 4 октябр аз шаҳрваниди дуюми худ Хадамоти муҳоҷиратро расман дар ҷараён гузоранд.
Ҳайкалтарошони Нигористони Зураб Серетелӣ дар Маскав ба таҳияи ҳайкали биринҷии муҳоҷири тоҷик машғуланд, ки моҳи ноябри соли равон дар Намоишгоҳи ВДНХ-и пойтахти Русия устувор хоҳад гашт.
Наздикони Раҳимҷон Тешабоев мегӯянд, намояндагони пойгоҳи низомии 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон аз хонаводаи ин ронандаи такси, ки дар қатли ӯ ду сарбози пойгоҳи Русияро гунаҳкор мекунанд, аз модари Раҳимҷон расман узр хостаанд.
Кадом омилҳоест, ки рейтинги раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро дар паҳнои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар чунин як сатҳи баланд нигоҳ медоранд?
Ду сарбози пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар куштори ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев гумонбар мешаванд, барои ташхиси равонӣ ба Маскав бурда мешаванд.
Аксари сокинони Тоҷикистон то ҳол ба он бартарӣ медиҳанд, ки тарҳҳои энержии ин кишвар аз тарафи Русия амалӣ шаванд.
Иқтисоддонони тоҷик мегӯянд, дасткашии Русия аз ғизои кишварҳои Ғарб ба бозори хӯроквории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ нахоҳад расонд.
Густариши шабакаи хабарии «Россия сегодня» дар Осиёи Марказӣ ва пеш аз ҳама Тоҷикистон, ба давраи баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмиллалӣ аз Афғонистонро нигаронида шудааст.
Як тарроҳ ва аксбардори рус баъди ошноии наздик бо зиндагии зодагони водии Бартанги Бадахшон дар Маскаву Петербург ба ин минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон ҳам сафар кардааст.
Пулиси Санкт-Петербург мегӯяд, ду бародар -- шаҳрвандони Тоҷикистонро бо гумони қатли ваҳшиёнаи ду зан ки низ аз Тоҷикистон гуфта мешаванд, боздошт кардааст.
Ба низомиҳои Русия дар Тоҷикистон луғати кисагии калимаҳои ибораҳои муаддабонаро тақсим мекунанд. Ҳадаф аз ин “ташаккул ва тақвияти образи “одамакҳои муаддаб”, ки баъди тасарруфи Қрим пайдо шуд, гуфта мешавад.
Раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки кишвараш ба омода кардани хизматчиёни амниятӣ барои хадамоти ҷосусии кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои мустақил идома хоҳад дод.
Ёфтҳои бештар