Ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, ки барои рушди додуситад миёни Русия ва Тоҷикистон ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар намояндагиҳои хадамоти гумрукии худро таъсис диҳанд.
Бино бар маълумоти Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия, муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз рӯи шумора ба ҷои сеюм фуромадаанд.
Аввалин бор имсол Тоҷикистон ҳам ба маъракаи байналмилалии "диктанти саросарӣ" мепайвандад ва, қарор аст, ҳудуди 500 нафар саводи хаттӣ ва русидонии худро бисанҷанд.
Мӯҳлати истифодаи парвона ё шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ дар Русия ба хотири сокинони Қрим то 1 марти соли 2017 дароз карда мешавад.
Бархе аз расонаҳои русӣ навиштанд, ин ёрӣ барои мубориза бо "Давлати исломӣ"-ст. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин кумакҳои Русия дар чорчӯби як қарордодест, ки соли 2014 имзо шудааст.
Фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфт, шумораи сарбозони ин пойгоҳ дар панҷ соли оянда ба 9000 нафар хоҳад расид.
Ҳукумати Русия барои кам кардани муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар 52 миллиард рубл ҷудо кард, то вилоятҳои Русия барномаҳои иваз кардани муҳоҷиронро бо коргарони маҳаллӣ таҳия кунанд.
Ҳукумати шаҳри Братски Русия хабар дод, ки дар соли гузашта 9 пизишк аз Тоҷикистон дар муассисаҳои тиббии Братск ба кор оғоз карданд ва 3 нафари онҳо номзадҳои илми тиббанд.
Аз ин ба баъд афсарони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон тарҷумаи тоҷикии "гранатомет", "пистолет" ва... "равняйсь"-ро ҳам аз худ мекунанд. Мутахассисон дар ин бора луғати наверо таҳия кардаанд.
Мақомоти Русия дар қатли афсари пулис Олег Толмачёв расман 3 зодаи Тоҷикистонро айбдор кардаанд. Гуфта мешавад, ду гумонбар дар Тоҷикистон дастгир шудаанд.
Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов ба вазири дифои Тоҷикистон ваъда додааст, ки Русия барои таҳким ва таъмини нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар тамоми кумаки лозимро хоҳад расонд.
Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо судури як фармон тартиби хизмати ҳарбии хориҷиҳоро тибқи шартнома дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, муайян кард.
Ёфтҳои бештар