Русия ду рӯз қабл аз сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон ба осебдидагони тарма ва барфбории шадид дар кишвар ба ҳайси кумак 40 тонна мавод фиристод. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, рӯзи 25 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ёриҳои башардӯстона аз ғизову хайма, кӯрпаҳои намадӣ ва нерӯгоҳҳои хурди сайёр иборат буда, қимати умумиаш ба 3 миллион доллар мерасад.