Барои ширкат дар ҷаласаи вазирони кишварҳои узв дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, вазири дифои Русия, Сергей Шойгу ба Тоҷикистон сафар кард.
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 2 июн муҳокимаи парвандаи Иля Горячевро оғоз мекунад. Гурӯҳи қавмгаро ба раҳбарии ӯ дар 9 куштор, аз ҷумла буридани сари муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов айбдор мешавад.
Ширкати мухобиротии “МТТ”-и Русия мегӯяд, шумори муштариёнаш аз Тоҷикистон аз 40 000 гузаштааст ва он қасд дорад, теъдоди муштариёни тоҷикашонро то поёни сол ба 100 000 бирасонанд.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, нишасти гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Русия дар масоили муҳоҷират оғоз ба кор кардааст.
Дар нигористони КИНО-и Маскав дар силсилаи «Зодагони авангарди Русия дар Тоҷикистон» намоишгоҳи осори рассомии садаи 20-и Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Паҳлуи ҳам истодани раҳбарони Русия ва Чин дар ҷашни 70-солагии пирӯзӣ бар фашизми Олмон дар Маскав нозирони сиёсиро ба таҳлили равобити байни ду кишвар водор намудааст.
Ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, ки барои рушди додуситад миёни Русия ва Тоҷикистон ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар намояндагиҳои хадамоти гумрукии худро таъсис диҳанд.
Бино бар маълумоти Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия, муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз рӯи шумора ба ҷои сеюм фуромадаанд.
Аввалин бор имсол Тоҷикистон ҳам ба маъракаи байналмилалии "диктанти саросарӣ" мепайвандад ва, қарор аст, ҳудуди 500 нафар саводи хаттӣ ва русидонии худро бисанҷанд.
Мӯҳлати истифодаи парвона ё шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ дар Русия ба хотири сокинони Қрим то 1 марти соли 2017 дароз карда мешавад.
Бархе аз расонаҳои русӣ навиштанд, ин ёрӣ барои мубориза бо "Давлати исломӣ"-ст. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин кумакҳои Русия дар чорчӯби як қарордодест, ки соли 2014 имзо шудааст.
Фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфт, шумораи сарбозони ин пойгоҳ дар панҷ соли оянда ба 9000 нафар хоҳад расид.
Ёфтҳои бештар