Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳо аз дуру наздик

Фаридуни Тура
Фаридуни Тура

Фаридуни Тура, як соҳибкори эронӣ, ки дар Тоҷикистон барои сирқати пул ва изофанависӣ муттаҳам мешавад, иддао дорад, ки мавриди туҳмат қарор гирифтааст.

Фаридуни Тура, ки парвандааш дар Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад, дар номаи 20 саҳифагӣ аз боздоштгоҳи мувақатии Оҷонсии зидди фасод ба унвони васоити ахбори умум далелҳои бегуноҳияшро пешкаш кардааст.

Саидасрор Рузиев, аз наздикони ин соҳибкори эронӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Фаридун Тура, собиқ раиси ширкати «Роҳи корвон», дар номаи тӯлонии худ кучактарин марҳиллаҳои фаъолияти худро дар Тоҷикистон то замони боздошташ аз тарафи Оҷонсии мубориза бо фасод нақл кардааст. Вай дар ин нома бегуноҳии худро бо далоилу рақамҳо нишон дода иддао дорад, ки дучори туҳмат шудааст ва ҳеҷгоҳ ба изофанависӣ роҳ надодааст.

Фаридуни Тура дар номааш зикр кардааст, ки ҷараёни баррасии парвандаашро мунсифона намеҳисобад ва ба ҳар сурат ба Додгоҳи олӣ арз хоҳад кард.

Дафтари матбуоти Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 9 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Фаридуни Тура бар асоси панҷ моддаи қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар изофанависӣ ва сирқати пул ба ҳангоми истифодаи қарзи Бонки Исломии Рушд муттаҳам мешавад. Аз рӯи иттилои додгоҳ, чанд соли пеш ӯ барои сохтмони нерӯгоҳҳои кӯчак дар Тоҷикистон 600 ҳазор доллар қарз гирифта буд. Дар ҳоле, ки худи оқои Тура мегӯяд, ки ин маблағро барои иҷрои тарҳҳои барномарезишудааш сарф кардааст, мақомоти Тоҷикистон ба ҳарфи ӯ бовар надоранд. Айбдоркунанда мегӯяд, ки ӯ дар асл пули камтаре харҷ карда, дар санадҳо ба изофанависӣ роҳ додааст.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Додгоҳи шаҳри Душанбе, баррасии парвандаи Фариддуни Тура зери раёсати Абдулмонеъ Бозоров ҷараён мегирад.

Дар моҳи августи соли 2012 Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки як соҳибкори эрониро боздошт кардааст. Фаридуни Тура, ба қавли вакили дифоъаш, пас аз он боздошт шудааст, ки нахостааст бо тафтишот ҳамкорӣ кунад.

Ширкати «Роҳи корвон» соли 2003 дар Тоҷикистон расман сабти ном шуда, дар як тендери байналмилалӣ, ки аз сӯи Бонки Исломии Рушд эълон шуда буд, барои сохтмони 8 нерӯгоҳи кӯчаки обӣ дар Тоҷикистон баранда шудааст. Яке аз ин тарҳҳо, нерӯгоҳи якмегаватӣ дар рӯдхонаи «Санги Кар»-и ноҳияи Рашт ва дигаре дар минтақаи Роғун буд.

Қаблан дар сӯҳбат бо Озодӣ Фаридуни Тура гуфта буд, ки барномаи сохтмони ин нерӯгоҳ, ки тавассути пажӯҳишгоҳи «Гидроэнергопроект» ба тендер пешниҳод шудааст, камбудиҳо дошт ва ба маблағи тахсисшуда ва ҳаҷми кор мувофиқат намекунад.

Маркази лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ қарордоди тендериро бидуни муроҷиат ба додгоҳ лағв кард ва сохтмони ин нерӯгоҳро ба ширкати дигар вогузошт. Аммо ин ширкат бидуни ҳалномаи додгоҳ молу амволи ширкати «Роҳи корвон»-ро бо акти раиси ҷамоати Навободи ноҳияи Рашт мусодира кард.

Фаридуни Тура мегӯяд, баръакс ба хотири фош нашудани асли масъала ва навҳаҳои аз дасти ӯ кашида гирифтани тарҳҳо ӯро ба изофанависии маблағҳо ва азхудкардани пули тарҳҳо айбор мекунанд. Моҳи феврали соли 2012 Оҷонсии мубориза бо фасод бо пешниҳоди Додситонии кулл алайҳи ӯ парванда боз ва моҳи август Фаридуни Тураро боздошт кард.
Ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе қисмати дуюми ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон оғоз шуда, ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо оиди бурду бохташон идома дорад.

Қисмати аввали ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, баъди шунидани гузориши Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон анҷом ёфта буд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар қисмати аввали ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, андоз, гумрук, омор, Бонки миллӣ ва Амонатбонк гузориш додаанд.

Тибқи гузориши ниҳодҳои давлатӣ, корҳо барои расидан ба се ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ босубот идома доранд.

Дар қисмати аввали ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раёсати президент ва раиси ҳукумати кишвар, Эмомалӣ Раҳмон идома дорад, ба натиҷаҳои соли 2012 баҳои мусбат дода шуд. Зикр гардид, ки иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст ва барномаҳои стратегӣ зина ба зина иҷро мешаванд.

Барои ширкат дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон раёсат ва аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди президент, масъулони дастгоҳи иҷроия, роҳбарони мақомоти олии судӣ, прокуратураи генералӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони расмӣ ҷамъ омадаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сухани ифтитоҳии худ таъкид доштааст, ки "соли 2012 барои Тоҷикистон, новобаста ба бӯҳрони идомаёбанда дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои берунаи манфӣ, соли рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ буд."

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар оғози маҷлис сарвазири кишвар Оқил Оқилов доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2012 ҳисобот дода, зикр кардааст, ки "маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2012 ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонӣ зиёд гардид ва дар маҷмӯъ ҳаҷми он ба 36,2 млрд. сомонӣ расида, ба ҳар як сари аҳолӣ 4700 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 17,7 фоиз зиёд аст."

Ба гуфтаи сарвазир сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар дар соли 2012 6,4 фоизро ташкил додааст. Нақшаи иҷрои даромади ҷории буҷети давлатӣ 101,4 дарсад таъмин гардида, ба он 10 млрд. сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 140 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар баробари ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2012 ва баррасии нақшаҳо барои соли 2013, гуфта мешавад, ки тағйироти кадрӣ дар вазоратхонаҳо ва мақомоти баландпояи кишвар, аз масъалаҳои дигари ин ҷаласа хоҳад буд.

Ҷузъиёти бештар аз ҷараёни ҷаласа дар давоми рӯз пайгирӣ хоҳанд шуд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG