Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳо аз дуру наздик

Узр! Додае нест. Гузаштаҳоро бинед

душанбе 21 май 2012

Блогнависи тоҷик Некрӯз Исмоилов
Блогнависи тоҷик Некрӯз Исмоилов

Назари худро бигӯед: Роҳҳои муассири ҷавонон барои дарёфти маълумоту саводомӯзӣ кадомҳоянд?

«Касе, ки маълумоти беҳтаринро дар ихтиёр дорад, ба комёбии бештар ноил мегардад» - Бенҷамин Дизраэлӣ, нависандаи англис ва сиёсатмадори маъруфи қарни 19.

Бо ҷаноби Дизраэлӣ розӣ нашудан душвор аст, вале ман ба ин гуфтаҳо боз калимаи "фоиданок" ё "манфиатовар"-ро илова мекардам, яъне «маълумоти беҳтарину фоиданок». Аз як тараф, ҷараёни маълумот дар замони мо хеле калон буда, дар маҷрои барномаҳои моҳвораҳо, сомонаҳои интернетӣ, рӯзномаҳо ва китобҳо ғарқ шудан мумкин аст. Дар баробари ин, аксарияти чунин маълумот “кӯчагӣ”-ву бефоида ва бадтар аз ин, зараровар мебошанд. Аз ҷониби дигар, ба ҷавонони Тоҷикистон барои оғози бомуваффақияти ҳаёт маълумоти фоиданоку зарурӣ намерасад.

Пас аз хатми мактаби миёна аксарияти ҷавонон намедонанд чӣ кор кунанд. Тасаввурот надоранд, ки ҳаёти худро ба чиву баҳри чӣ бахшанд. Айни замон, мақсади ниҳоии аксари ҷавонон ёфтани кор дар Русия мебошад, ки далели ин ба ҳама маълум аст. Ман шахсан бо онҳое, ки ҳанӯз аз курсии мактабӣ ба «русикунонии» ояндаи худ омодагӣ медиданд, шиносам. Ба фикри ман, ин на хубу на бад аст. Дар ҳар ҳолат, маблағёбӣ дар Русия набояд мақсади асосии ҳаёт гардад.

Бовар дорам, ки ҷавонони мо метавонанд дар тамоми соҳаҳо ба комёбӣ ноил гашта аз ҷиҳати молиявӣ мустақил бошанд. Барои ин танҳо, дастрас будани маълумоти муфид, шавқовару талабгори вақт ва муҳимаш, бо забони модарии тоҷикӣ кофист. Мехостем, фикру андешахои шунавандагони Радиои Озодиро оиди ин масъалаҳо бифаҳмем:

Ба фикри Шумо чӣ гуна метавон насли ҷавонро барои гирифтани илму дониши мақсаднок ва зарурӣ фаро гирифт?

Бо кадом роҳ метавон муҳаррики онҳоро барои расидан ба ҳаёти муваффақ фаъол кард?

Барои гирифтани дониш кадом роҳу усулҳои муассирро мехостед ба соҳаи маориф пешниҳод кунед?

Фикру назарҳои худро ба ман фиристед:

Некрӯз Исмоилов
Tajikistan -- Бахори гулафшон
Tajikistan -- Бахори гулафшон

Салому дуруд ба ҳамаи ҳаводорони «Радиои Озодӣ»!

Ман дергоҳ мехостам, мактубе дар ин бора нависам. Имрӯз он вақт расид, шояд илҳомам омада бошад !

Дӯстони азиз! Ман як нафар тоҷики бурунмарзӣ аз шаҳри Екатеринбурги Русия ҳастам ва мехоҳам нигоҳи худ, ва он чизеро , ки худ намефаҳмам ё имконияти фаҳмидан надорам ин ҷо ирсол кунам. Барои ман тақдири Ватани маҳбуб, албатта чизест, ки маро дар канор гузошта наметавонад. Бовар дорам, ҳар як фарди тоҷик ин ҳиссиётро дорад.

Инак, ман бо воситаи расонаҳои хабарӣ аз вазъияти ҷаҳон каме бошад ҳам, бохабар ҳастам, ба таърих, шакли давлатдории миллатҳои гуногун таваҷҷӯҳ зоҳир мекунам. Дар натиҷаи омӯзиш , диди худро дар ин бора мехостам ба Шумо арза дошта бошам, мисол: арманиҳо , ин халқ ҳам чун мо бисёр саркӯб шудаасту пароканда аст, чуноне, ки таърих нишон медиҳад, куштори халқи арман аз тарафи туркон шуда буд, имрӯз онҳо дар ин бобат даъво ҳам доранд, макони онҳо низ кӯҳистон аст, чун макони мо тоҷикон.

Ба фикри ман, онҳо каме аз мо пеш рафтаанд, сабабро дар он мебинам, ки аксарияти мардум кариб 90 дар сад дар шаҳр зиндагӣ мекунаду , қисми ками он дар деҳот, чуноне ки мо медонем, халқи босавод ҳам аз деҳа мебарояду ҳам аз шаҳр, лекин шаҳриҳо ҳушёртару деҳотиҳо камтар сустаранд.

Инак, арманиҳо аз мо дида камбағалтаранд, аммо давлаташон аз мо пешрафтатар аст, шояд фикри ман хато бошад, агар чунин шуморед, бандаро маъзур доред. Онҳо арманиҳои бурунмарзиашонро ба соҳаҳои гуногун ҷалб мекунанд. Яке аз чунинҳо, оҳангсоз ва сарояндаи машҳури Фаронса Шарл Азнавур буд, ки арманиҳо ӯро сафири худ дар Швейтсария ва намояндаи доимии Арманистон дар СММ таъин кардаанд, ҳол он ки ӯ шаҳрванди Фаронса буд. Ин шахси дар ҷаҳон машҳур, албатта ба иқтисодиёту имиҷи арманиҳо таъсири мусбати худро мерасонад. Боз як сармоядори канадагии арман бо даъвати ҳукумати ин кишвар ба Ватан сафар кард ва дар наздикии шаҳри Ереван шаҳрчае бунёд кард ва чунин мисолҳои муносибати неки ҳукумати Арманистон ба арманиҳои бурунмарзӣ зиёданд.

Мехостам, фаҳмам тоҷикони намоёни бурунмарзӣ бо давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд ё на ? Агар дошта бошанд, дар кадом сатҳ асту байни онҳо чеҳраҳои намоён ҳаст? Ё чунин корро ҳукумат раво намебинад? Шунидаам, ки баръакс онҳоро хуш надоранд, оё рост аст? Мехостам, шахсони бохабар ба ин равшанӣ андозанд. Зеро аз нигоҳи ман, ин ба тараққиёту имиҷи сиёсии давлат ёрӣ мерасонаду, моро ҷаҳониён на ҳамчун як қувваи корӣ, балки чун халқи мутамаддин хоҳанд шинохт. Шояд ҳукумат ба ин мусоидат кунаду худи тоҷикони бурунмарзӣ инро нахоҳанд? Масалан, сафирони Тоҷикистон дар ин бора гуфтание доранд? Дар бораи паҳн кардани имиҷи фарҳангдӯстӣ ва адабдӯстии тоҷикон. Ба фикри ман, қудрати мо дар ҳамбастагист ! Шумо чӣ мегӯед?

Баҳрулло Тошпӯлодов, аз шаҳри Екатеринбурги Русия

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG