Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳо аз дуру наздик

Узр! Додае нест. Гузаштаҳоро бинед

чоршанбе 21 сентябр 2011

Ҷумъабой Толибов
Ҷумъабой Толибов

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва эътилофи Медиа Алянс ба тамоми ҳамкасбони худ, хонандагон ва бинандагону шунавандагон, мардуми кишвар муроҷиат кард, то дар табобати журналисти саршиноси тоҷик Ҷумъабой Толибов (Ҷумъаи Толиб) кӯмаки худро дареғ надоранд.

Ин созмонҳо дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, Ҷумъаи Толиб шадидан бемор буда, ба муолиҷаи ҷиддӣ ниёз дорад.

Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аз соли 1984, Ҷумъабой Толибов солҳои зиёде ба мардуми хеш хидмат кардааст. Вай муддате сардабири нашрияи ноҳиявии “Меҳнат”, муассиси нашрияи хусусии “Нури ҳақ” ва корманди ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд.

Дар соли 2005 зимни мақолаҳои муҳим ва интиқодии ӯ ба муқобилаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 26-уми июли ҳамон сол вай ба ду соли ҳабс маҳкум гашт. Он вақт бисёриҳо гумон надоштанд, ки ин ҳукм тағйир хоҳад хӯрд. Аммо афроде буданд, ки аз Ҷумъабой ва навиштаҳои ӯ ҳимоят мекарданд. Бо талоши якҷояи вакилони
Толибов дар муҳокимаи додгоҳӣ, августи соли 2005

дифоъ ва мушовирони ҳуқуқӣ ва ҳамчунин бар пояи ҳамраъйии журналистони тоҷику эътирози созмонҳои дохилӣ ва ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот дар 16-уми декабри соли 2005 ҳамкасби мо озод шуд.

Аммо дар ин байн ним солро дар маҳбаси шаҳри Истаравшан гузаронд ва азбаски бо мақомоти нерӯманде дасту панҷа нарм карда буд, борҳо хатаре ба миён афтод, ки ӯро аз нав зиндонӣ кунанд.

Хушбахтона, Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаи ӯро баррасӣ карда, бегуноҳии журналистро ба исбот расонд. Ин мушкилот Толибовро аз роҳаш барнагардонд. Вай пас аз озодӣ ба навиштан идома дод ва баъд аз муддате ҳамкорӣ бо нашрияи “Фараж” мудири иҷроии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон таъйин шуд ва хабаргузории “Зарафшон-Таймс”-ро таъсис дод.

Солҳои охир Ҷумъаи Толиб раҳбари Дафтари мушовара, пажӯҳиши лингвистӣ ва таҳқиқоти журналистӣ ва ҳам сардабири ҳафтаномаи “Пайкон” аст. Вай ҳамчуин муаллифи матолиби зиёди танқидист, ки бо ин роҳ ба кори беҳтари идораву муассисаҳо ва мансабдорони давлат мусоадат мекунад. Баҳсҳои зиёди додгоҳӣ ва мушкилоти нашрия ва инчунин баста шудани созмони ӯ, ки муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” буд, сабаб гардид, ки журналисти саршинос на танҳо аз кори дӯстдошта, балки саломатияш низ маҳрум гардад. Дар натиҷа, имрӯз ӯ дар ҳоли сангине қарор ва шадидан ба кӯмаки мову Шумо, ҳакасбону дӯстонаш эҳтиёҷ дорад.

Биноан, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии маблағ барои Ҷумъаи Толибро эълон мекунанд. Онҳо аз ҳамаи ҳампешагон ва онҳое, ки барояшон озодии матбуот ва чандгонагии афкор дар Тоҷикистон аҳамият дорад, хоҳиш мекунанд, ба қадри тавони хеш ба Ҷумъабой Толибов ёрӣ диҳанд. Бемории ӯ сахт аст ва ба дорувору табобати гаронқимат ниёз дорад.

Ҳамоҳангии кӯмакҳоро намояндаи НАНСМИТ Аслибегим Манзаршоева дар ӯҳда дорад. Иттилоъ роҷеъ ба ҷараёни маъракаи кӯмак дар торанамои мо -- www.nansmit.tj бозтоб хоҳад ёфт. Телефонҳои тамос: +992 907 767 239, +992 37 221 3 711; e-mail: asol.77@gmail.com

Ҳамчунин барои фиристодани кӯмакҳо ҳисоби махсуси бонкӣ боз шудааст:

ГСБ РТ «АМОНАТБОНК» ш. Душанбе
Р/с 20202972800479101000
БИК/МФО 350101626
Кор/счет 20402972316264
Инн. 010012355
Ҳадафи сармоя: кӯмак ба Ҷумъабой Толибов
Ҳафиз Қаландаров
Ҳафиз Қаландаров

Бо ин матлаби шавқангез мо силсилаи гуфтугӯ дар бораи забонро сар мекунем ва Ҳафиз Қаландаров ваъда кардааст, барои ин гӯша як силсилаи матолибро омода хоҳад кард. Ҳамаи Шуморо низ ба навиштан дар ин бора ё ширкат дар баҳс атрофи яке аз масъалаҳои рӯз даъват мекунем.

Боре се нафар -- яке аз Тоҷикистон, дигаре аз Афғонистон ва сеюмӣ аз Эрон дар як конфронс дар Аврупо вохӯрданд. Онҳо зуд бо ҳам ошно шуданд ва чун шахсони ҳамзабону ҳамфарҳанг ниастубархосташон дар давоми конфронс ҳамеша бо ҳам буд.

Ифтихор доштанд, ки сухани якдигарро бе кӯмаки тарҷумон мефаҳманд. Вале ҳангоми гуфтугӯи берун аз конфронс суханҳои аҷибу ғарибе аз ҳамдигар мешуниданд ва ҳайрон мемонданд. Бо вуҷуди ин фарҳангу одоби муштарак сабаб мегашт, ки хомӯз мемонданд ва ба ҳарфи ҳамдигар эрод намегирифтанд. Ҳарчанд онҳо аз он чӣ бо як гурӯҳи тоҷикистониён дар шаҳри Кундузи Афғонистон рух дода буд, ёдовар шуда, хеле хандида буданд.

ГУНОҲИ ОБИГАРМИҲО ВА БУХОРОИҲО

Эҳтимол Шумо ҳам он қиссаро шунидаед: Ду нафар дар фасли сармо меҳмони марди кундузие будаанд ва ҳифзкунак («предохранител»)-и барқ он шаби сард зуд-зуд аз шиддати баланд “мепартофтааст» ва хона торик мешудааст. Мизбон аз ин вазъи ногувор хиҷолат кашида, «сабил ин обгармиҳо ва бухорҳо моро безор кардаанд ва сабаби қатъи барқ ҳаминҳоянд», -- гуфта, узрхоҳӣ мекунад. Дар Афғонистон обгармкунакхо -- термексу аристону ғайраро “обгармӣ” ва гармкунакхои барқӣ ё «печка”-ро «бухорӣ» меноманд! Ва аз қазо яке аз меҳмонон аз Оби Гарм ва дигарӣ аз Бухоро будаанду ҳайрон мемонанд ва мегӯянд, бародари азиз, албатта, мо хеле хатогиҳо кардаем, аммо на фақат мо, балки ҳама, чи ғармиҳову кӯлобиҳо ва помириҳо дар аввали солҳои 90 хеле иштибоҳҳо карда ва баъд пушаймон шуда, тавба ҳам кардаем, лекин бовар кунед, мо ба хатҳои барқи шумо ягон коре ва бадбиние надорем!)

Вале лаҳзаи дигаре аз муоширати ғайрирасмии ҳамзабононро дар поён пешкаш намуда, мебинем, ки мушкили забонӣ ба зарарҳои моддӣ ва маънавӣ низ меанҷомидааст.

“ТРОЙНИК”, ЯЪНЕ “СЕДАҲАН”?

Дӯстони мо дар рӯзи охири сафар аз конфронс озод буданд ва баъд аз субҳона тоҷик гуфт, ки бояд «ба магазинҳо» рафта, «як пар туфлӣ» бихарад. Эронӣ гуфт, ки ӯ аввал «як визит» мекунад (назди пизишк ё духтур) баъд шояд, ба фурӯшгоҳҳо равад, чун кафш кор дорад. Ҳамзабон аз Афғонистон изофа кард, ки ӯ ҳам корҳое дорад ва «як ҷӯра бут барои фомили худ» мехоҳад. Бо ин ҳар се аз ҳам ҷудо ба сайри шаҳр рафтанд.

Ва албатта, чунин шуд, ки ҳар се дар фурӯшгоҳи пойабзор (“пойафзол”) боз бо ҳам вохӯрданд. Тоҷикистонӣ бо «як пар (пара -- ҷуфт, аз русӣ) туфлӣ дар “каробка”-аш», афғонистонӣ бо «як ҷӯра “бути шик” барои фомили худ дар “бакс» (як ҷуфт пойафзоли хеле хубу хушнамуд барои завҷааш) ва эронӣ «бо як ҷуфт кафши “мудерн” дар “картун» (мудерн -- ҳозиразамон, аз франсавӣ, картун – қуттӣ аз коғази сахт).

Хандиданд, ки ҳамдигарро нафаҳмидаанду ҳар кадоме дар алоҳидагӣ роҳкиро додаву ҳар се ба як ҷо, ба майдон-растаи дӯконҳо омадаанд. Тоҷикистонӣ (ба ҳар ҳол) бо «мутару токсӣ» не, балки бо трамвай омадааст. Афғонистонӣ гуфтааст, ки трамвай хеле «слу» (оҳиста, аз англисии “slow”) мегардад. Лекин вақте ки тоҷикистонӣ дар чавоб мегӯяд, оҳиста бошад ҳам, «зато трамвай почти бесплатни аст» рафиқонаш тамоман мот мешаванд.

Баъд аз ин воқеа дӯстон қарор мекунанд, ки ҳар кӣ ба ватан баргашта, луғате созад, ки он пеш аз ҳама барои ҳамдигарфаҳмии ҳамзабонон кӯмак расонад ва калимаҳои русиро дар гуфтугӯи тоҷикон, англисиро дар гуфтугӯи афғонҳо ва франсавию англисиро дар гуфтугӯи эрониҳо шарҳ диҳад -- як навъ луғати «бачаҳои худӣ».

(Онҳо бехабар буданд, ки мо аллакай кӯшише дар ин самт кардаем ва онро дар интернет ба як шакли соддаву ба фикрам, завқоваре пешниҳод кардаем. Умедворем дар идомаи ин силсила дар Блогистони Озодӣ ба таваҷҷӯҳи ҳамагон пешкаш намоем.)

АКНУН БИДУНИ ШӮХӢ


Ханда хандаю вале хулосаи дигари муҳимтар ин буд, ки онҳо аз ҳамдигар вожаҳоеро шуниданд, ки дар гӯиши худашон фаромӯш шуда ё аз кор афтодаанд. Нахустин калимаҳои “Луғати бачаҳои худӣ” ҳамин қабил калимаҳо буданд, ки метавонистанд вожаҳои ориятӣ ва хориҷиро дар сухани онҳо иваз кунанд. Охир замоне афғонистониҳову эрониҳову тоҷикон бе англисиву фарансавию русӣ ҳам ҳарф мезаданд- ку! Масалан , як дӯсти афғонии ман «тройники» барқро «седаҳан» гуфта, маро қоил карда буд. Умуман, ҳама медонем, ки Сино беҳтарин кашфиёти тиббӣ ва равоншиносию ситорашиносиро ба ин забон баён мекарду Ҳофиз бо он фалакро сакф мешикофт!

Дар деҳоту шаҳрҳои худамон ҳам ҳануз бориксуханон кам нестанд! Ман аз забони онҳо низ намунаҳо хоҳам овард.

Албатта, ҳеч як забоне орӣ аз калимоти хориҷӣ нест ва ин раванд бахше аз таҳавулли таърихии забонҳост, вале ба иқтибоси вожаҳо бояд дар ҳоли бебадал будани онҳо ва зимни зарурат роҳ дод. Ин аст, ки дар Эрон расман аз хусуси тақрибан 2 хазор калимаи хориҷӣ сӯҳбат мекунанду мегӯянд, ки онҳо бояд аз забон хориҷ карда шаванд.

Ҳафиз Қаландаров,
Донишгоҳи Перуҷа (Итолиё)
Бахши равобити байнулмилалӣ

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG