Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳо аз дуру наздик

Узр! Додае нест. Гузаштаҳоро бинед

панҷшанбе 21 июл 2011

Ин нома пас аз нашри матлабе дар бораи сармуҳаррири пешини “Маориф ва маданият”, Бӯринисо Бердиева аз номи духтари эшон ба муаллифи мақола расид.

«Салом, бародари мӯҳтарам, Мирзоҷон,

Ба Шумо ташаккури зиёд, ки қариб баъд аз ҳашт соли вафоти модарам эшонро ва аҳли оилаи моро ёдоварӣ карда, мақолаи хеле аҷиб навистед. Ман худам бисёр чизҳоро намедонистам, лекин баъди хондани мақолаатон бисёр чизҳоро фаҳмидам.

Ташаккур ба Шумо. Ҳар вақт ки мақоларо мехонам, ҳамеша гиря мекунам ва фикр мекунам, ки кош агар ҳозир падари паҳлавонам, модари хушрӯям ва ду бародарони меҳрубонам зинда мебуданд, ки мақолаи Шуморо хонанд?
Умедворам, ки саломатиятон хуб аст ва зисту зиндагониятон дар Прага хуб мегузарад. Ду бор ба акаи Доро занг зада бо ӯ сӯҳбат кардам дар бораи китобе, ки ба ёди модари шодравонам менависанд. Ба ман маълум шуд, ки китоб холо тайёр нест.

Ба ҳамин сабаб ман ба Шумо менависам, ки шояд Шумо мехоҳед ин мақолатонро дар китоб чоп кунед?

Боз бо Низорамо Зарифова, ҳамсари амакам, Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев сӯҳбат кардам ва эшон гуфтанд, дар бораи сӯҳбат бо Шумо ба воситаи телефон. Аз Шумо хеле хурсанданд ва дар бораи Шумо пурсиданд.

Як бор бори дигар ташакур.
Паноҳатон ба Худо,
Сулҳинисо Раҳматуллоева
Ню Ҷерсӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Ассалому алайка РО. Ман сокини шахраки Восеъ. Ба назди хонахои истикомати ва мактаби раками 10-и шахрак канали об мегузарад ки баъзе аз хукуматдорон ва пулдорони шахрак маслихат байни худ карда роххи ин каналро иваз карда ба наздикии майдони футбол, ки худаш бо хамин хол хурди мекунад мегузаронанд. Сухани мо дар хукумат кабул намекунанд.

А.Д.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG