Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳо аз дуру наздик

Узр! Додае нест. Гузаштаҳоро бинед

сешанбе 8 ноябр 2011

Дар акс: Соҳибёри Толиб, хабарнигори тоҷик ва муаллифи ин матлаб
Дар акс: Соҳибёри Толиб, хабарнигори тоҷик ва муаллифи ин матлаб

Субҳи пурфайзу футӯҳе буд. Кӯчаҳои Маскав пур аз муҳоҷир ва ҳар сари қадам корманди пулису ОМОН. Аммо аҷибаш дар он буд, ки касе аз муҳоҷирон аснод намепурсид.

Роҳҳои атрофи Масҷиди марказии Маскав баста буду мардум аз худравҳо поин шуда, пиёда сӯи намозгоҳ мешитофтанд. Аз растаҳое, ки ашёи мақбули мусалмононро ба фурӯш гузоштаанд, бӯи мушки анбари Мадина меомад. Аксари фурӯшандагони ин ҷо тоҷикони мо буданд. Аксари харидорон ҳам тоҷикон буданд!

Як лаҳза чашмамро пӯшида ба гуфтугузори фурӯшандаву харидорон гӯш додам. Қариб бовар намудам, ки дар кадом растаи атфурӯшии шаҳри Душанбе ҳастам. Торикӣ мавқеи худро бар шафақ медод.

Пас аз чанд лаҳзаи интизорӣ дари масҷидро кушоданду намозгузорон “Аллоҳу акбар”-гуён ба дохили масҷид давиданд. Ман ҳам ҳамроҳашон давидам.

Пушти дари бинои асосии масҷид, ки он ҷо имом менишаст, он қадар одам ҷамъ омад, ки беҳисоб! Ҳама мехостанд, ки ба бинои асосӣ ворид шаванд, агарчӣ дар толори дигар ва дар ҳавлии масҷид ҷой хеле зиёд буд. Маъмурони интизомӣ омаданд ва ба ҷамъомадагон фаҷмониданд, ки ҳамаро наметавон дар бинои асосӣ ҷой дод, панҷнафарӣ бонавбат даромада, ҷойҳои худро ишғол намоед. Боқимонда ба толори дигар, таҳхона, ҳавлии масҷид ва кӯча ҷой гиред.

Як гурӯҳ намозгузорон пароканда шуданду гурӯҳе навбати вуруд ба бинои асосиро интизор буданд. Аммо дар ин миён як гурӯҳи муқтадире ҳамдигарро теле дода мехостанд, ки бидуни навбат вориди бино шаванд. Аксарияти ин гурӯҳро (забонам намегардад, ки гӯям) ТОҶИКОНИ МО ташкил медоданд. Як нозире, ки дар дасташ микрофон дошт, бо ЗАБОНИ ХУДАМОН мефаҳмонд, ки тартиботро риоя намоем, аммо хамватанони мо гӯиё инро намешуниданд ва ё шунидан намехостанд.

ТОҶИКОНИ МО бошанд, тела медоданду тела медоданд. Кашокаш анқариб як соат идома кард. Ман аз сокиноне, ки дар пешайвонҳо истода, чунин бенизомиро тамошо доштанд, шарм доштам. Аз мусулмонони бомаданияти тотор, ки ба бенизомии “земляк”-ҳои ман афcӯс мехӯрданд, шарм доштам. Аз Худованд шарм доштам…

Инҳо обрӯи миллати тоҷикро дар назди мусалмонони Маскав, обрӯи мусалмонро дар назди сокинони ғайримусулмони Маскав резониданд. Хотирам озурда шуд. Намози ид анҷом ёфту кӯчаҳои Маскав дигарбора пурғалоғула гардид. Баъди намоз ҳар кас ҳамроҳи худро меҷуст.

Садои як нафар ҳамсоламро шунидам, ки бо забони ХУДАМОН тавассути телефон ба ҳамсӯҳбаташ чунин мегуфт: “Холаата…(дашноми қабеҳ) дар куҷоӣ? Намеёвумут!”

Оё намози идонаи ҷавони ҳақоратгӯву намози идонаи шунавандаи ӯ қабул шуда бошад?

Ҳамсолони азиз! Биёед, пеш аз намозу ибодат аввал маданияти Исломро омӯзем. Биёед миллату дини худро байни дигарон шарманда накунем. Чи гуфтед?
Ҷумъаи Мирзо, хабарнигори тоҷик
Ҷумъаи Мирзо, хабарнигори тоҷик

Ман Ҷумъаи Мирзо, журналист, танзнигор ва ҳамзамон яке аз ҳаводорони сомонаи "Озодӣ" ҳастам.

Қиссаҳоеро, ки аз зиндагии ҳамзамонону ҳамватанонамон ин сомона нашр мекунад, писанди ман аст ва ин қиссаҳо маро ҳам ба сафи ҳаводорони ин сомона дохил намуданд.

Ман ҳодисаҳоеро, ки бо ману пайвандон ва ҳамкорону шиносу дӯстонам дар ҷойҳои мухталиф ва сафарҳои хидматӣ дар солҳои гуногун шоҳид шудаам, бо қалами танз оро додаву дар шакли се китоби хурд омодаи нашр кардаам ва феълан чанде аз онҳоро мехоҳам дар ихтиёри хонандагони ин сомонаи дӯстдоштаам гузорам.

"Аловмонӣ"

Як рӯз мо ҳама кормандони идораи фарҳангӣ-фароғатии Радиои Тоҷикистон барои истироҳат ба дараи Варзоб рафта будем ва дар он ҷо дег монда, хостем ош пазем. Мо мардҳо ҳезумро ҷамъ кардему вазифаи бонувон омода кардани ош буд. Ҳарчанд яке аз хидматгорони истироҳатгоҳ, ки ваъда карда буд оташи дегро фурӯзон мекунад (чунки ин кори чандон осоне нест боз агар ҳезумҳо тар бошанд), вале ҳар қадар бечора пуфу туф кард, оташ рӯшан нашуду баръакс ҳама ҷоро дуд зер кард. Ҳамин вақт яке аз ҳамкорони мо Моҳира Аҳмадова, ки мо ӯро бо эҳтиром Моҳира-ойтӣ мегӯем, омада ба осонӣ оташи зери дегро фурӯзон кард. Баъд он корманди истироҳатгоҳ ҳайрон шуда пурсид, Шумо чӣ хел кардед, ки дар як дам оташро фурӯзон кардед? Ман ба ҷои Моҳира-ойтӣ ҷавоб додам, ки ҳайрон нашавед, ако, аловмонӣ вазифаи ҷонии мо журналистон аст.

"Халил гузашт..."

Хабари бад дар як мижа задан дар кӯчаву паскӯча паҳн мешудааст. Рӯзе овоза паҳн шуд, ки Халил аз дунё гузаштааст. Дигаре мегуфт, ки Халил аз олам гузаштааст. Халил, ки як ҷавони варзишкор буда, дар кӯчаи мо бо хайру саховат ва хулқу атвораш машҳур буд, рости гап, бо шунидани ин хабар бисёр ғамгин шудем. Чанд рафиқ ҷамъ шудему тоқиҳоро гирифта, роҳ ҷониби хонаи Халил гирифтем. Вақте ба хонаи Халил расидем, чанде аз шиносҳоро дидем, ки рост истода бо ҳам суҳбат мекунанд, вале садои гиряву нола шунида намешуд. Ҳатто баъзеҳо табассум ҳам мекарданд. Моро яке аз дӯстони Халил пешвоз гирифта ба хона даъват кард. Ман бошам дар дил мегуфтам «О, беинсофҳое дар ҳамин хел рӯзи мотам табассум мекунанд. Хурсанд шудаанд, гӯиё ки Халил ҷои онҳоро дар ин дунёи васеъ танг карда бошад. Боз моро ба хона даъват карда, дастҳоямонро об гирифта истодаанд.»

Мо ба хона даромадему ҳайратамон бештар шуд. Дастурхони пур аз нозу неъмат, ҳатто болои он шароб ҳам гузоштаанд. «Э беинсофҳое дар рӯзи мотам арақхӯрӣ. Гӯиё падару модари Халил рус буданд, ки дар рӯзи мотами ӯ арақ менӯшанд. Соҳибони хона хун хӯрда истодаанду наход ки мо арақ хӯрем. Не ҳаргиз не»,-мегуфтам ман дар дил. Бо дили нохоҳам ба сари дастурхон нишаста будем, ки табақҳои ошро оварданд. Нимтогӣ арақ ҳам барои мо рехтанд. Мо як ду қошуқ ош хӯрдему ба арақ даст дароз накардем. Яке аз ҳозирин «О, Шумо ин хел набудед-ку, 20 грамм киро куштааст? Гиред, охир, наход дар ҳамин хел рӯз нанӯшед» гуфт. Ман гуфтам, охир дар чунин рӯзи мусибат чӣ хел шароб менӯшем? Вай ҳайрон шуда «Чӣ хел мусибат?» гуфт. О, гуфтанд ки Халил аз дунё гузаштааст. Ҳа, охир аз Олам ҳам гузаштааст. Ана, ба ҳамин муносибат менӯшем. Даҳонҳои аз ҳайрат бози моро дида тавзеҳ доданд: «Дирӯз Халил дар мусобиқаи Осиёи Миёна оид ба давидан аз ду рақиби худ, варзишкорони машҳури узбак Дунё ва Олам гузашт ва ҷои аввалро ишғол кард.» Мо чӣ хел аз дастамон афтодани қадаҳҳоро ҳатто пай набурдем.

Ҳозирҷавобӣ дар Эрон

Боре дар сафари Эрон будем. Яке аз роҳбаладҳои мо, ки худро оқои Маҳдӣ муаррифӣ кард, аз ҳар боб бо мо - меҳмонон суҳбат мекард ва суолҳо медод. Оқои Маҳдӣ аз мо пурсид, ки агар Шумо дар дасти фарзандатон сигор ё шаробро бинед, чӣ кор мекунед, ягон чора мебинед?Ман ҳозирҷавобӣ карда гуфтам, бале, ҳатман чора мебинем. Гуфт чӣ гуна? Ман гуфтам сигору арақро аз дасташон мегирему худамон мекашему менӯшем. Ин ҷавоби ман садои хандоханди мову дӯстони эрониро агар муҳобот нашавад, ба фалак дакка дод.

Ёде аз даврони мушкил

Солҳои душвори 94-95 буд. Шароит бисёр душвор. Маош намегирифтем, пул набуд. Рӯзе дари идораи «Ҷавонӣ»-и радиоро яке аз ҳамкоронамон аз идораи мусиқӣ - хонуми Заъфарон, ки ҳоло сармуҳаррири шӯъбаи фарҳангиву фароғатии радио аст, кушода ба ман гуфт: «Ҷумъа, аробачаи кӯдакона намехарӣ?» Пурсидам: чанд сум? Гуфт, 200 рубл. Он вақт 200 рубл пули калон буд. Ман гуфтам, Заъфарон, аробачаи холӣ ё бо кӯдак? Албатта, ин гапи ман ба Заъфарон чандон мақбул наомад, вале як лаҳза хандаи ҳамкоронро баланд карду аз дилҳояшон ҳузнро андаке берун кард.

Чанор арзон намешавад?

Боре дар сафари Туркия будем ва ҳайати моро роҳбаладон базӯр аз бозор ҷамъ карданд. Одатан мардуми моро, ки дар сафарҳои хориҷӣ ба ҳоли худ гузоштанд, ҳама худро ба бозор мезанад. Гурӯҳи моро аз бозор ҷамъ карданду ба ҷойҳои таърихӣ бурданд. Роҳбалад як чанори бузургеро, ки мо дар сояи он зиёфат мехӯрдем, нишон дода гуфт, ки ин чанор таърихи 500-сола дорад. Яке аз ҳамсафарони мо Гулрухсор.ки ҳануз ҳавои бозор аз сараш дур нашуда буд, гуфт: «Оқо, камтар арзон намешавад?

Бозор Собири Урён

Дар ҳамон солҳои душворӣ баъдиҷангӣ рӯзе ман дар утоқи кориамон дар идораи «Ҷавонӣ» як китоби хурдакакро варақ мезадам. Ҳамин вақт ҳамкори ҷавонамон Фирӯзаи Саидзод (ҳоло муовини директори радиои Тоҷикистон) аз ман пурсид, ки акои Ҷумъа китоби Боботоҳири Урёнро мехонед? Ман бадоҳатан гуфтам, не китоби Бозор Собири Урёнро. (Ҳамон шабу рӯз устод Бозор Собир дар маҳбас буданд).

Масъули бахш: Сафаргул Олимӣ

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG