Зимистон? Боз омадӣ? Чида омадӣ? Гумон кардӣ, ки ман дўсти туям?.. Хато карди, братишка. Сахт хато кардӣ. Ман ҳаргиз дўсти ту набудам. Ман душмани якумрии ту будам, ҳастам ва мемонам. Ана ин тарафаша худат фаҳм. Ҳаминро фикр кун, ки баробари ба ин диёр омадани ту дар ақли одамонаш нуқсон меафтад. Мантиқ гум мешавад. Ман то ҳол намефаҳмам, ки ин мантиқи бечора таги барф мемонад ё пояш лағжида аз ягон ҷар парида меравад.