Масалан, ман ҳозир фикр карда истодаам, ки аз ҳамин қадар барфи сафеди борида чӣ фоида? Охир аввал ягон 8 - 10 вагон кумури сиёҳ намеборӣ, ки мо ҳам як бор ин миёнҳои шахшудаю майнаҳои карахтамонро гарм кардаю, ба кор андохта гирем. Худат нағз медонӣ, ки ҷангалзорҳо, ҳатто дарахтони мевадиҳандаро мо ҳанўз дар омад - омади гузаштаат тоза лесида, яъне буридаю майда карда ба коми печкаю сандалиҳоямон андохта будем. Ҳоло ин печкаҳои носерам ба хўрдани тахтареза, яъне ба «апилкахўрӣ» даромадаанд. Акнун нархи тахтареза аз худи тахта қимматтар шудааст. Ана, рафиқ зимистон, мантиқа ёбу гир.
Тобистон мо боигариамонро нишон доданӣ шуда, фарши майдонҳои назди идораҳои маъмури ва роҳҳои пиёдагардро «ало-булояш» хушрўйтар гўён, бо хиштҳои рангаи бетонӣ оро додем. Акнун дар зимистон мардум аз назди ин идораҳо чорпоя мегузаранд, чунки ин хиштҳои бетонии зормонда ягон намуди попўширо назарашон намегирад ва эшон (яъне хиштҳо) рўирост ба мо одамон тамасхўр мекунанд, ки: «то фикр карда ёфтани резини намепартофтагии таги попўшӣ, мо ҳоло хеле дасту по мешиканем.»
Як занак дар байни майдони назди театр, ногаҳон чун дорбозон бо дастонаш мувозинатро нигоҳ дошта, рақси аҷоиберо оғоз кард.
- Ҳа, хоҳар, дар байни майдон ба кадом намуди рақс машғулӣ? – пурсид аз ў роҳгузаре.
- Ин рақс не. Ман ба театр даромаданиям, лекин то назди касса рафтан метарсам.
- Чаро? Билеташ қимат?
- Не. Роҳаш лағжонак.
Ҳоло ин ҳам ҳеҷ гап не. Ин барфи ту, зимистонбек, симҳои барқро канда мепартояд. Аз ҳамон барқи дусоата ҳам худо мегирад.
Воқеан, ёдат ҳаст, мо дар бораи мантиқ гап зада будем? Ана мантиқи корхонаи барқ пеш аз ҳама зери барф мемонад. Фарз кардем агар шумо аз онҳо пурсед, ки:
- Чаро шумо дар тобистон барқро хомўш намекунеду, дар зимистон фақат ду соат медиҳед?
Онҳо дарҳол қиёфаашонро ба одами боақл монанд карда, ба шумо софдилона фаҳмонданӣ мешаванд:
- Чунки дар тобистон мардум барқро кам истифода мебаранд (яъне кам мехаранд), дар зимистон бошад зиёд истифода мебаранд (яъне бисёр мехаранд).
Воқеан ҳар кадоми мо медонем, ки барқ бепул нест.
Агар аз ягон мардаки ҷопонӣ пурси, ки чаро дар бозори шумо фалон мошин камчин аст? – Вай дарҳол ҷавоб мегўяд:
- Чунки мардум аз ин намуди мошин кам истифода мекунанд. (Яъне, кам мехаранд).
Э, ҷопонӣ чи,- агар аз бозоршини қатории худамон пурсӣ, ки:
- Чаро дар бозор чоруқу хомак нест?
Вай ҳам гапи ҳамон мардакчаи ҷопониро мегўяд:
- Чунки эҳтиёҷ ва талабот нест.
- Агар талабот бошад чӣ?
- Агар талабот бошад, рўзи дигар тамоми пештахтаҳои бозорро аз чоруқу хомак пур мекунем. Аз чоруқи чарми аълосифати барзагави дубайӣ, ки аз охури амири он ҷо ҷаву мавиз хўрдааст, то хомакӣ аз коғазсохтаи чинӣ. Китайский. Одноразовий.
Агар ба амрикоӣ гўи, ки мо моламонро барои он ба савдо намебарорем, ки онро мардум м е х а р а н д, - гов мегардад. Вай инро намефаҳмад… Чаро вақте, ки моли мо ба мардум лозим аст (дар айни ҳол қувваи барқ) мо онро намефурўшему, вақте ки ба касе лозим нест,онро қариб ба таги дараш бурда, дод мезанем, ки: «Ширда биё, бача?!»
Вай, амрикоӣ, инро ҳеҷ гоҳ фаҳмида наметавонаду аз гиребони ту, зимистоналӣ дошта хуб барфатро меафшонад ва баъд бо таҳдид аз ту талаб менамояд, ки: - Ё мантиқамро ёфта медиҳӣ ё ман барфатро ба воситаи яроқи ядроӣ оташ мезанам.
Ана мантиқро ёфта надеҳу, рўзатро бин! Бинобар ин, зимистонхўҷа, ту пеш аз омаданат «Аввал бубин ҷои худ, баъд бирез барфи… умуман,.. баъд бимон пои худ.
Хуш бош… ва агар тавонӣ… набиё.