Коршиносон мегӯяд, ки баргузории ҳамоишҳо ва барномаҳои фарҳангӣ дар фазои муҳоҷират, холигоҳи зиндагии дур аз ватани зодагони Тоҷикистон дар берун аз кишварро то андозае пур мекунад.
Телевизиони хусусии "Тулӯъ" дар Афғонистон марги 7 корманди ҷавонашро дар ҳамлаи маргталабонаи шоми 20-уми январ дар Кобул таъйид кард.
Як хонандаи синфи 9 дар Покистон баъди айбдор шуданаш ба тавҳин ба Паёмбари Ислом дасташро буридааст.
Маҷлиси поёнии порламони Қазоқистон аз Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар хостааст, ки қабл аз вақт онро парканда кунад.
Бархе коршиносон мегӯянд, ки афзоиши аҳолии мусулмон ба амнияти Русия таҳдиде нахоҳад дошт, агар онҳо бо дарёфти шаҳрвандии Русия қонунҳои ин кишварро риоят кунанд ва ба самти тундгароӣ “нағеланд”.
Бархе аз таҳлилгарон эҳтимоли тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои низомӣ ва қудратии кишварро дар ҷаласаи солонаи ҳукумат истисно намедонанд.
Мақомоти расмии Узбакистон аз нақшаи зиддунақизи худ дар бораи вайрон кардани манораи 700-солаи шаҳри Андиҷон даст кашиданд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар як соли охир дар Тоҷикистон ҳукумат сиёсати худро дар баробари мухолифонаш шадидтар карда ва талошҳоро барои назорати комил бар ҷомеа афзоиш додааст.
Як маркази таҳлилӣ мегӯяд, ки бегонаситезон дар Русия дар соли гузашта 9 шаҳрванди хориҷиро, ки дар миёнашон намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ будаанд, дар заминаи адовати қавмию нажодӣ куштаанд.
Намояндагии вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар тӯли сол қариб 50 миллион рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро аз корфармоёнашон рӯёндааст.
Дар як соли аввали ҷорӣ шудани патенти корӣ дар Русия, миллиардҳо рубл аз ҷайби муҳоҷирон ба будҷаи ин кишвар ворид шудааст. Танҳо будҷаи шаҳри Маскав аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик 5,5 млрд рубл фоида дидааст.
Як шаҳрванди Ҷопон барои акс ва наворбардории ғайриқонунӣ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон боздошт шуда, ҳоло таҳқиқи қазияаш идома дорад.
Арманистон баъд аз интихоботи парлумонии соли 2018 амалан ба низоми парлумонӣ мегузарад. То се соли дигар Серж Саркисян ба ҳайси раисиҷумҳур ба фаъолияташ идома хоҳад дод.
Ҷанги таҳримҳои Русия бо Ғарб ва инак бо Туркия чӣ фурсатҳоеро барои ҷои по ёфтани маҳсулоти Тоҷикистон дар бозори Русия фароҳам меорад ва Душанбе то куҷо тавону имкони истифода аз ин фурсатҳоро дорад?
Расим Мӯсобеков, сиёсатмадор ва намояндаи парлумони Озарбойҷон, Кохи Кремлро ба худдорӣ аз қаҳру ғазаб ва лаҳни беэҳтиромӣ нисбат ба Туркия даъват кардааст.
Яке аз вакилони парвандаи марги Умаралӣ Назаров мегӯяд, ки рӯбарӯкунии модари ин тифл бо табибон ва пулис метавонист паҳлӯҳои норӯшани ин ҳодисаро ошкор кунад. Аммо Зарина Юнусова чанд соат қабл аз ин рӯбарӯкунӣ, аз Русия ихроҷ шуд.
Барои ҳимоят аз парвандаи Умаралӣ Назаров, дар назди консулгарии Русия дар Мюнхени Олмон ҳамоиши эътирозӣ доир мешавад.
Саиданвар Камолов мегӯяд, ки бахшҳои кашфи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар бораи ошӯби Абдуҳалим Назарзода то андозае огаҳӣ доштанд бояд аз ин нооромӣ пешгирӣ мекарданд.
Саид Саидҷоновро, ки аз латту кӯби пулис рӯдааш пора шуда буд, рӯзи 11 ноябр аз Русия ихроҷ мекунанд. Ин қарори мақомоти Русия имкон намедиҳад, ӯ дар мурофиа иштирок карда, аз ҳаққаш дифоъ намояд.
Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург қасд дорад, ки бо ирсоли ёддошти эътирозӣ аз додситонӣ ва Кумитаи тафтишотии ин шаҳр расидагии одилона ба таҳқиқи марги Умаралиро тақозо кунад.
Ёфтҳои бештар