Бино ба ҳисобҳо, саргардонӣ дар масъалаи патент дар ду моҳи охир ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия қариб 80 миллион доллар зиён овардааст.
Сандуқи Байналмилалии Пул пешбинӣ кардааст, ки соли 2015 пулҳое, ки муҳоҷирони кории тоҷик мефиристанд, 30 дарсад коҳиш хоҳад ёфт ва ин ба тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар таъсир хоҳад дошт.
Муовини нахуствазири Қирғизистон мегӯяд, навори интернетӣ дар бораи вуруди марзбонони мусаллаҳи Қирғизистон ба деҳаи Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон иғво аст ва марзбонони қирғиз аз марзи Тоҷикистон нагузаштаанд.
Комиссияи муштараки таъйини хатҳои сарҳадӣ ва аломатгузориҳои марзҳои миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми рӯзи гузашта дар Душанбе аввалини мулоқоти худро анҷом дод ва қарор аст имрӯз, 5 март музокирот идома ёбад.
Соҳибкорони покистонӣ барои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғд, ноҳияи Ишкошим, Данғара ва Панҷ таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд.
Аз поёни соли 2014 бозгашти муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Дар миёни онҳо муҳоҷироне низ ҳастанд, ки бо бемориҳои зӯҳравӣ бармегарданд.
IFES бо нашри гузорише фазои пешазинтихоботии Тоҷикистонро тасвир карда, аз амалкардҳои мақомот дар баробари мухолифон ва созмонҳои иҷтимоӣ танқид намудааст.
Бар хилофи интихоботҳои гузашта дар қаламрави Русия, ки бино ба иттилои расмӣ дар он ҷо ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон машғули кору зиндагиянд, ҳамагӣ 3 ҳавзаи раъйдиҳӣ боз шудаасту бас.
Ҷамшед Бобоев, муовини раиси "Барқи тоҷик", дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз фурӯши барқ ба Афғонистон то лимит дар кишвар ва қарзи ширкати онҳо дар назди "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" гуфт.
Дар ҳоле, ки манотқи шарқии Украина дар оташи ҷанг месӯзад, мардуми манотиқи ғарбии ин кишвар, ки дар саргаҳи ҷунбиши зидди ҳукумати Янукович қарор доштанд, дар ҷабҳаҳои ҷанг ҳузури камранг доранд..
Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 800 000 патенти муҳоҷирони корӣ дар Маскав-пойтахти Русия бекор карда шудааст. Ин вазъ суолеро ба миён оварда, ки дар сурати нокомӣ муҳоҷирон худро ба куҷо хоҳанд зад?
Ҳизби ҳокими “Нур-Отан”-и Қазоқистон аз пешниҳоди Маҷмаи мардумии ин кишвар дар бораи баргузории интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ ҳимоят намудааст. “Нур-Отан” 16 феврал эълон кард, ки аз ин пешниҳод комилан ҷонибдорӣ мекунад.
Баъд аз моҷароҳои рӯзҳои 5-6 феврал вазъ дар Сариоғочи вилояти Қазоқистони ҷанубӣ ба ҳолати маъмулӣ бармегардад.
Авзоъ дар ноҳияи Сариоғоч дар ҷануби Қазоқистон, ки рӯзҳои охир ба маҳалли рӯёрӯии қазоқҳову тоҷикҳо табдил ёфта буд, нисбатан ором шудааст.
Иттиҳодияи Аврупо ҷиҳати эъмоли таҳримоти нав алайҳи Русия тавофуқ карда, паймони НАТО рӯи барномаи истиқрори воҳидҳои нави низомӣ дар Аврупои шарқӣ меандешад.
Коршиносон мегӯянд, ҳузури муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ дар Русия ба ҷуз аз фоида, ҳеҷ зарар ба ин кишвар намеорад.
Алмамбет Шикмаматов, вазири адлияи Қирғизистон эълон кардааст, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад ва аризаи истеъфояшро ҳам навиштааст.
Намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар 20 минтақаи Русия маркзаи нави илмиву фарҳангиро таъсис дода, ҳадафи аз байн бурдани маҳалгароиро доранд. Ин марказ ба ҷои Ҷамъияти умумирусиягӣ ташкил шудааст.
Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, барои дақиқ кардани теъдоди муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марзи Русияву Украина ба мақомоти ин кишвар дархости расмӣ фиристодааст.
Қонунҳои нави муҳоҷирати Русия боиси дар марзи ин кишвар бо Украина дармондани даҳҳо муҳоҷири тоҷик шудааст. Яке аз ин муҳоҷирон иддао дорад, ки онҳо то 3000 нафаранд.
Ёфтҳои бештар