Вазъ дар ноҳияи Сариоғочи вилояти Қазоқистони ҷанубӣ ба ҳолати оддӣ бармегардад. Вале ба гуфтаи сокинон, нирӯҳои пулис дар деҳа ва атрофи он ба гашт идома медиҳанд ва аз баргузории ҳар гуна ҳамоиш ё ҷамъ шудани мардум пешгирӣ мекунанд. Сокинон мегӯянд, аскарони пулис дар деҳа хайма задаанд ва чархболҳо гаҳ-гоҳе дар ҳаво пайдо мешаванд ва аз боло вазъро назорат мекунанд.
Сокинони Сариоғоч рӯзи 8 феврал дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъд аз боздошти Наҷмиддин Норматов - сокини тоҷиктабори ин минтақа, ки дар қаламрави Узбакистон ба эҳтимоли куштори Бахит Ортиқови қазоқтабор гунаҳгор дониста мешавад, раҳбарони вилояти Қазоқистони ҷанубӣ аз Сариоғоч боздид кардаанд ва ба мардум ваъда додаанд, ки гунаҳгорон аз ҳар ду ҷониб пайдо ва табқи қонун ба масъулият кашонда мешаванд.
Фарҳод Акаев - яке аз сокинони кӯҳансол ваё ба таъбири мардум, аз оқсақолҳои маъруфи Сариоғоч дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:
“Ҳоло тинҷӣ шуда истодааст. Ҳоким омада буд. Милисаҳо навбатдорӣ карда истодаанд. Ҳоким бо милисаҳо дар ҳар қишлоқ гашта бо оқсақолҳо вохӯрданд. Аз шаб то саҳар милисаҳо навбатдорӣ мекунанд.”
Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ, ки худро Мухлис ва сокини ҳамин деҳа муаррифӣ кард, дар ҳоле бо мо сӯҳбат мекард, ки дар ҳаво чархбол парвоз мекард.
Мухлис: “Вертолёт парвоз карда истодааст. Аз ҳамин ҷое, ки мо нишастаем, вертолётҳоро дидан мумкин аст. Амният бисёр сахт аст. Дар миёни сокинон сӯҳбатҳои тарбиявӣ идома дорад. То ҳол дар миёни одамон фикрҳои ҷамъ шудан ҳаст. Намояндаи давлат омада бо мардум мулоқот гузаронд. Вай ваъда кард, ки ҳамашро ҷо ба ҷо мекунанд. Вай гуфт, ки қонун ҳаст, ҳамаашро меёбанд, кӣ ин корҳоро сар кард ва чаро ин хел карданд. “
Озодӣ: Оё рафту омад ба деҳа озод аст, мардум метавонанд озодона аз деҳа берун раванд ва ё аз берун ба деҳа оянд?
Мухлис: Ҳама кор озод аст, вале шаб рафту омад, даромаду баромад мумкин нест. Рӯзона метавонед ба ҳар ҷо раведу баргардед.
Озодӣ: Оё мағозаву мактабҳо корро сар карданд?
Мухлис: Мағозаҳо аз имрӯз боз шуданд, кори худро идома медиҳанд. Мактабҳо аз рӯзи душанбе дубора ба кор сар мекунанд, чунки имрӯз якшанбе аст ва мактабҳо таътил доранд.
Озодӣ: Кормандони пулис, ки дар деҳа ва атрофи он ба назар мерасанд, шумораашон камтар шудааст ё зиёдтар?
Мухлис: Кормадони пулис ба гашту гузор машғуланд. Сад дарсад амниятро сахт гирифтаанд. Ҳама ҷоро назорат мекунанд. Антенаҳои ҳарбиашонро гузоштаанд ва ба чашм мерасад. Хайма гузоштаанд ва тақрибан 2-3 ҳазор аскар ҳам омадаанд. Амният сахт аст. Аз аввал онҳо фикр накарданд, ки вазъият ин хел мешавад. Вале вақте, ки вазъ ҷиддӣ шуд, онҳо омаданд. Албатта камтар дертар омаданд. Ҳоло ҳама ҷо ором.
Озодӣ: Ҳоло муносибати байни аҳолии тоҷиктабор ва қазоқтабор нарм шудааст ва ё ҳанӯз ҳам нисбат ба як дигар эҳсоси бадбинӣ мушоҳида мешавад?
Мухлис: Акнун Худо хоҳад, ҳамааш нағз мешавад. Ҳоким омад, вай ҳам ҳамин чизро гуфт.
Озодӣ: Ба эҳтимоли зиёд аз ду тараф ҳам қазоқтаборон ва ҳам тоҷиктаборон дар ҳамин муноқиша даст доранд. Оё раҳбарони вилоят гуфтанд, ки гунаҳгорон аз ҳар ду ҷониб пайдо ва ба масъулият кашонда мешаванд?
Мухлис: Ваъда доданд ва ҳоло ҳамаамон ҳамин корро бурда истодааем. Аз рӯи қонун кор карда истодаанд. Лекин ҳоло натиҷааш маълум нест. Интизорем. Хонаҳое, ки мо зиндагӣ мекардем, наворҳо ҳаст, аз дасти мо гирифтанд ва ваъда доданд, ки дар чорчӯбаи қонун ҳал мекунанд.
Озодӣ: Оё алоқаи телефонӣ ва интернетӣ барқарор шуд?
Мухлис: Дирӯз рӯзона телефонҳоро рӯшан карданд, вале шабона хомӯш мекунанд. Шаби пеш ҳам ҳамин хел буд. Имрӯз соати 10 боз рӯшан карданд. Вале интернет ҳанӯз ба кор надаромадааст. Имрӯз ҳоким боз омад, аз рӯзноманигорон касе набуд ва барои ахбор ҳам чизе ба навор нагирифтанд. Атрофиёнаш гуфтанд, ки ягон кас бо телефон навор ё акс нагирад. Дар ахбор ҳам чизе нагуфтанд.
Таърихчаи низоъ
Ихтилофҳо дар Сариоғоч рӯзи 5 феврал дар пайи кушта шудани сокини деҳаи Интимоқ, корманди Кумитаи андоз Бахит Ортиқов оғоз ёфт. Қазоқҳои сокини ин минтақа тоҷикҳоро дар қатли ӯ гунаҳкор карда, ба манзилҳои тоҷикон ҳамла оварданд ва рӯзҳои 5 ва 6 феврал даҳҳо хона ва рӯзи шанбе боз 3 хонаи дигари марбут ба тоҷикҳои маҳаллиро оташ заданд.
Бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Ортиқови 30-сола Наҷмиддин Норматов дастгир шудааст ва ҳоло дар маҳбаси шаҳри Чимканд нигаҳдорӣ мешавад. Полис мегӯяд, ин ду нафар дар заминаи робитаҳои тиҷоратӣ муноқиша кардаанд ва Норматов, ки гӯё аз пардохти пули иҷораи гармхонаи Ортиқов саркашӣ кардааст, ӯро бо зарби корд ба ҳалокат расондааст. Чанде аз сокинони деҳшӯрои Интимоқ ба нақл аз наздикони Норматов мегӯянд, Ортиқови 30-сола шаби 4-уми феврал барои ситондани ҳаққи иҷораи гармхонаи худ ба манзили Норматов омада, бо корд ба ӯ таҳдид кардааст ва дар ҷараёни занозанӣ бо ҳамин корд кушта шудааст. Бо пайдо шудани ҷасади Ортиқов дар наздикии рӯдхона наздикони ӯ ва сокинони қазоқи деҳшӯро тоҷиктаборонро айбдор ва ба онҳо ҳамла карданд.
Дар вилояти Қазоқистони ҷанубӣ (собиқ Чимкент), бино ба омори расмии соли 2009, 29 742 тоҷик ба сар мебаранд. Аксари онҳо аз аҳли ноҳияҳои Сариоғоч ва Пахтарали ин вилоят мебошанд. Хабарнигори собиқи ББС Матлуба Шоалиева ва устоди пешини риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Абӯбакр Мухаммедов аз тоҷикони зодаи Чимкенти Қазоқистонанд.
Дар ин навор, ки шахсе бо номи "Шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон" дар шабакаи YouТube нашр кардааст, як мошин дар ҳоли сӯхтан аст ва дар пасмназар нидоҳои қазоқию тоҷикӣ ба гӯш мерасанд.